Иддаои вазири дифои Омрико: “Сарбозони мо дар Урдун ба дасти гурӯҳҳои ниёбатии Эрон кушта шуданд”

Иддаои вазири дифои Омрико: “Сарбозони мо дар Урдун ба дасти гурӯҳҳои ниёбатии Эрон кушта шуданд”

“Дар замон ва макони муносиб, ба ин ҳамла посух медиҳем”

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Ллойд Остин, вазири дифои Омрико, бо баёни ин ки Бойден ҳамла ба нерӯҳои омрикоиро нахоҳад пазируфт, муддаӣ шуд: “Сарбозони мо ба дасти гурӯҳҳои ниёбатии Эрон кушта шуданд.”

Ба гузориши Алҷазира, Остин бо таъкид бар ин ки мо иқдомоти лозим барои дифоъ аз манофеъи Омрико ва мардумамонро иттихоз хоҳем кард ва дар замон ва макони муносиб ба ин ҳамла посух хоҳем дод, изҳор дошт: “Бойден бо кушта шудани сарбозони мо ба дасти гурӯҳҳои ниёбатии тундрави Эрон бо тасомуҳ ва иғмоз рафтор нахоҳад кард.”

Вай, бо баёни ин ки мо ба парҳез аз густариши доманаи даргириҳо идома дода ва иқдомоти заруриро барои дифоъ аз худамон иттихоз хоҳем кард, гуфт: “Аз замони кушта шудани се сарбозамон дар Урдун, рӯзҳои душворе бар Вазорати дифоъи Омрико гузаштааст.”

Вазири дифоъи Омрико гуфт: “Ман дар хусуси мавзӯъи бемориам ба сурати саҳеҳ рафтор накардам, воҷиб буд, ки ба раисиҷумҳурӣ ва мардуми Омрико дар ҳамон замон ин мавзӯъро иттилоъ медодам.”

Остин афзуд: “Ман масъулияти комилро бар ӯҳда мегирам ва таъкид мекунам, ки дар он давра ҳеч халале дар фармондеҳӣ ва контрол вуҷуд надошт.”

Вай бо ишора ба ин ки посухи мо чандҷониба ва дар маконҳои мутаъаддид хоҳад буд, гуфт: “Ҳадафи мо ин аст, ки бӯҳрон дар навори Ғаззаро маҳор кунем ва монеъ аз табдили вазъият ба ҷанге густурда шавем.”

Вазири дифоъи Омрико бо баёни ин иддао, ки аз Эрон мехоҳам, ки таҷҳизи Ҳусиҳо аз таслеҳоти мавриди лозим барои ҳамла ба киштиҳоро мутаваққиф кунад, гуфт: “Мо моил нестем, ки ҷанге миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ рӯй диҳад ва ба иртибот ва тамос бо исроилиҳо барои тазмини адами густариши ҷанг идома медиҳем.”

Остин бо таъкид бар ин ки Ҳусиҳо даст ба иқдомоти ғайриқонунӣ мезананд ва ин, мушкили байналмилалӣ дар хусуси амнияти киштиронӣ аст, гуфт: “Ҳамла ба нерӯҳои мо дар Урдун, иқдоме фаҷеъ буд, замони он фаро расида, ки қудрати гурӯҳҳои теруристӣ, ки нерӯҳои мо дар Урдунро ҳадаф гирифтанд, нобуд кунем.”

Вай изҳор дошт: “Ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷории мутаъаллиқ ба 50 созмон ҳамла карданд, ки иртиботе ба Исроил надоштаанд.”

Вазири дифоъи Омрико бо баёни ин ки мо ҳамвора бар лузуми ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар Ғазза ва вуруди кӯмакҳо ба навори Ғазза таъкид мекунем, тасреҳ кард: “Ман ҳар ҳафта бо ҳамтои исроилии худ сӯҳбат мекунам ва хитоб ба вай бар лузуми ҳифзи ҷони ғайринизомиён таъкид мекунам.”

Aljazeera

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил тан ба оташбас ва табодули асирон дод
Бритониё: “Эҳтимол дорад базудӣ кишвари Фаластинро ба расмият бишносем”

Матолиби пурбоздид