Озодии баён 

Таърих
Озодии баён 
Мунозираи Дайсонӣ бо Ҳишом ибни Ҳакам
Абушокири Дайсонӣ яке аз афроди барҷаста ва ҳамасри Ибни Абилавҷоъ буд.
Он чи дар китобҳои таърихӣ дар бораи ӯ нақл шуда ин аст, ки вай дар таъни Паёмбари ислом (с) китобе навиштааст. (Қозӣ Абдулҷаббор, Тасбиту далоилин-нубувва, 2/371).
Бархе манобеъ ӯро санавӣ (мӯътақид ба ду мудаббир дар олам) донистаанд. (Тоҷул-арус, 13/201) Ӯ ҳамроҳ бо Абдулмалики Басрӣ ва Ибни Муқаффаъ ба пешниҳоди Ибни Абилавҷоъ тасмим гирифтанд, ки ҳар кадом бахше аз Қуръонро нақз кунанд, то бо ин кор нубуввати ҳазрати Паёмбар (с) ва исломро ботил кунанд, вале муваффақ ба анҷоми он нашуданд. Абӯшокир гуфт: Ман ғарқи ояти 22 сураи Анбиё шудам ва натавонистам ояте монанди он биёварам. (Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 2/377)
Мунозираи Абӯшокири Дайсонӣ бо Ҳишом ибни Ҳакам
Дар манобеи таърихӣ баҳсу мунозираҳои ҷолибе, ки байни Ҳишом ибни Ҳакам – мутакаллим ва аз шогирдони Имом Содиқ ва байни Абӯшокири Дайсонӣ сурат гирифта нақл шудааст, ки яке аз онҳоро меоварам:
“Абӯшокир Абдуллоҳи Дайсонӣ назди Ҳишом ибни Ҳакам омад ва гуфт: Оё ту қоил ба вуҷуди Парвардигор ҳастӣ?
Ҳишом: Оре.
Дайсонӣ: Оё Худованд тавоно (қодир) аст?
Ҳишом: Бале, тавоное аст, ки фавқи тамоми тавоноҳои ҷаҳон аст.
Дайсонӣ: Оё Парвардигор метавонад тамоми мавҷудоти ҷаҳонро дар тухми мурғе ҷой диҳад, бидуни ин ки тухми мурғ бузургтар ё мавҷудоти ҷаҳон кучактар шаванд?
Ҳишом: Маро мӯҳлат деҳ.
Дайсонӣ: Як сол ба ту мӯҳлат медиҳам.
Ҳишом аз манзили худ ба манзури ташарруф ба хидмати Имом Содиқ оҳанги Мадина кард. Достони суоли Дайсониро ба арзи Имом расонд.
Имом Содиқ аз Ҳишом пурсид: Чанд ҳис дорӣ?
Ҳишом: Панҷ ҳис.
Имом: Кадом як аз ҳавосси ту кучактар аст?
Ҳишом: Ҳоссаи чашм кучактар аз соири ҳавосс аст.
Имом: Ҳаҷми ин ҳосса чӣ қадр аст?
Ҳишом: Ба андозаи як адас (нахӯд), балки кучактар аз он аст.
Имом: Ҳоло нигоҳ кун, ба пеши рӯят ва болои сарат, чӣ мебинӣ?
Ҳишом: Осмону замин ва хонаҳо ва кохҳо ва кӯҳҳо ва талҳо ва ҷӯйҳои об мушоҳида мекунам.
Имом: Он Худое, ки тавоноӣ дорад ин диданиҳоро дар косаи чашми ту, ки ба андозаи як адас (нахӯд) ё кучактар аст ҷой диҳад, тавоно (қодир) аст, ки тамоми ҷаҳонро дар тухми мурғе ҷой диҳад бидуни ин ки ҳеч як аз он ду тағйир намоянд.
Ҳишом аз Мадина ба манзилаш муроҷиат кард. Абӯшокири Дайсонӣ назди Ҳишом омад.
Ҳишом гуфт: Агар барои шунидани посух омадаӣ, посух ҳозир аст. Сипас посухи Имом Содиқро барои Дайсонӣ баён кард…” (Ар-раддул-қавим ал-болиғ ъало ал-Халил ал-Ибозӣ)
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кундаи танро зи пойи ҷон бикан
Ҳикмати рӯз

Матолиби пурбоздид