Посдорони фарҳанг
Меҳмоншо Шарифзода
Имрӯз он технологияи фарҳангсоз, ки дар вуҷуди Тоҷик дар ҳама системаҳои ҷаҳонии ивазшаванда ҳамеша дар кор буд ва Тоҷик барои худ ва дигарон фазои будан (фарҳанг, илм, сиёсат…) месохт, ба шароити мусоид ниёз дорад, то барои худ ва дигарон ҷаҳоне сохта бошад. Мутассифона, ин технология дигар дар кор нест…
Посдорони фарҳангро (ё “посдорони забонро’ ба истилоҳи Ҳойдеггер) мебояд, ки сиёсатмадорони воқеӣ тарбият карда бошанд. Зеро сиёсат(бе)мадорони вақт дар ин сарзамин зарфият, қобилият ва ихтиёри озод кардани фарҳанги аслро аз зери фишори фарҳанги масхарабозони кӯча надоранд…
Ин қавми сиёсат(бе)мадор худ аз ҳошияи фарҳанг бархостаанд ва фазоеро шакл додаанд, ки бефарҳангӣ ҳукумрон аст, ҳақиқат, маънӣ ва иртиботи мантиқӣ нест, касе касеро эътироф намекунад, қудрати созанда нест ва чун ҷомеаи намоишҳост ҳар кас мехоҳад худ масхарабози (ҳуққабозӣ) асосӣ (trickster) бошад …
Танҳо онҳое, ки ҳақ, ҳастӣ ва воқеиятро мардонавор рӯ ба рӯ мешаванд метавонанд ба маъниҳои нав дар таркибҳои фарҳанг, ҷомеа ва инсон имкони будан додан…
Фарҳанги хоссу омм дар ҳама давру замон вуҷуд дошт ва имрӯз ин чизро дар воқеияти Тоҷикистон (Хуросон) бояд дарк кард. Фарҳанге, ки аз боло то поён зери таъсири фарҳанги омм ё тӯдаҳо мондааст, наметавонад оянда дошта бошад…
Меҳмоншо Шарифзода
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: