Рози пирӯзии Пизишкиён
Рози пирӯзии Пизишкиён дар интихоботи раисиҷумҳури Эрон
Қосим Бекмуҳаммад
Asiaplustj
Бештар аз як ҳафта қабл дар Эрон даври дуюми интихобот баргузор шуд ва дар он Масъуд Пизишкиён, номзади ислоҳотхоҳон баранда гардида, барои 4 соли оянда раиси ҷумҳури Эрон баргузида шуд. Ғалабаи Пизишкиён барои аксарият ғайримунтазир буд, чун дар баробари ӯ номзадҳои қавии усулгароён рақобат доштанд. Раъйи шаҳрвандони Эрон Пизишкиёни дар назари аввал шонси кам доштаро пирӯз кард, аммо саволҳоеро ба миён овард.
Чаро ғайриинтизор ва пешбинии на танҳо коршиносони хориҷӣ, балки ҳатто сиёсатмадорону коршиносони дохили Эрон низ Пизишкиён пирӯз шуд? То куҷо ислоҳталабон ба тағйири сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эрон метавонанд таъсир гузоранд? Авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҳукумати Пизишкиён чӣ буда метавонад? Ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро дар сиёсати хориҷии раиси ҷумҳури нави Эрон чигуна буда метавонад?
Доир ба ин ва дигар саволҳо Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик андешаҳояшро нигоштааст, ки манзури хонанда хоҳем кард.
Тақрибан бештари коршиносону таҳлилгарон на танҳо дар хориҷ, балки дар дохили Эрон ҳам, пирӯзии Масъуди Пизишкиёнро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон пешбинӣ намекарданд. Зеро ҳам раёсати ҷумҳурӣ ва ҳам парлумон дар ихтиёри ҷиноҳи усулгаро қарор дошт ва хелеҳо фикр мекарданд, ки барои интихоботи зудҳангом, ки 50 рӯз баъд аз марги Саидиброҳими Раисӣ баргузор мешуд, ҷиноҳи ислоҳталаб фурсати омодагии лозимро надорад.
Аммо натиҷаи даври аввали интихобот, ки Пизишкиёни начандон маъруф бештар аз номзадҳои аслии усулгароён – Саиди Ҷалилӣ ва Муҳаммадбоқири Қолибоф рой гирифту интихоботро ба даври дуввум бурд, назари бисёриҳоро дар дохилу хориҷ тағйир дод. Вале чун орои Пизишкиён 10 миллиону 415 ҳазор, аз Ҷалилӣ 9 миллиону 473 ҳазор ва аз Қолибоф 3 миллиону 383 ҳазор буд, ҳанӯз ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки дар даври дуввум тарафдорони Қолибоф аз Ҷалилӣ ҷонибдорӣ ва пирӯзии вайро таъмин кунанд. Дар ниҳоят ончӣ аз сандуқҳои оро берун омад ва ҳамаро шигифтзада кард, иродаи интихобкунандагон буд.
Рози пирӯзии ғайриинтизори Пизишкиён омилҳои зиёде дорад. Пизишкиён бо шиори “Барои Эрон” ва гуфтумони ислоҳталабӣ вориди корзори интихобот шуд ва дар барномаҳо ва мунозираҳои телевизионӣ ва дидорҳояш бо интихобкунандагон қавли эҳёи “БАРҶОМ” (созиши ҳастаӣ), беҳбуди равобити Эрон бо кишварҳои дунё, аз ҷумла Ғарб, пайвастан ба Гурӯҳи вижаи иқдомоти молиявии мубориза алайҳи пулшӯӣ (FATF), озодиҳои иҷтимоӣ, поён додан ба маҳдудияти интернет, мухолифат бо бархурди хушунатомез дар мавриди ҳиҷоби иҷборӣ ва “Гашти иршод” (пулиси ахлоқ) ва ғайраро дод, ки боиси таваҷҷуҳи зиёди интихобкунандагон шуд.
Илова бар он, баёни содаву мардумписанд дошт ва бо мухотабонаш бозу бетаъоруф суҳбат мекард. Тими ӯ беҳтар ва бештар аз рақибонаш бо “насли интернетӣ”, ки аз назари ҷаҳонбинӣ ва арзишҳову авлавиятҳо бо насли миёнумру бузургсол фарқ мекунад, хуб кор кард ва натиҷа гирифт.
Бозгашти эътимоди мардум ба интихобот
Нуктаи дигаре, ки дар шароити печидаи кунунии минтақаӣ ва байналмиллалӣ барои Эрон аз аҳамияти зиёде бархурдор буд, ҳузури мардум дар интихобот аст. Зеро ҳаракатҳои эътирозие, ки солҳои гузашта дар ин кишвар иттифоқ афтода буд, ба сатҳи мушорикати бахше хосе аз ҷомеа, бахусус насли ҷавон ва занону духтарон таъсири манфӣ гузошт.
Илова бар он, таблиғоти шабонарӯзии зиддиэронии расонаҳои ғарбӣ, махсусан шабакаҳои форсизабони “БиБиСи” ва “Эрон Интернешнл” ва даъват аз мардум барои таҳрими интихобот ин нигарониро эҷод карда буд, ки мумкин аст берангу рамақтарин интихобот дар таърихи Эрон иттифоқ биафтад.
Дар воқеъ, дар даври аввали интихобот 39.9 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд, ки дар муқоиса бо гузашта рақами поин буд. Аммо вақте мардум диданд, он чӣ ба сандуқҳо рехта буданд, ҳамон берун омад, умедашон ба интихобот ва аз ин тариқ саҳм гирифтан дар сарнавишти кишвару миллат, боз гашт. Ҳузури тақрибан 50 дарсадии мардум дар даври дуввуми интихобот далели рушани ин воқеият аст.
Мушкилоти пеши рӯи Пизишкиён
Зикри як нукта муҳим ба назар мерасад. Пизишкиён нахустин раиси ҷумҳури Эрон аст, ки фосилаи миёни вай ва рақиби интихоботиаш камтар аз 10 дарсад аст. Агар орои аксарияти кулли ширкаткунандагони интихоботро ба даст меовард, дар ташкили ҳукумат ва масъалаҳои марбутаи дигар мушкили камтаре медошт. Аммо ҳоло ногузир аст манфиатҳои ҳудуди 14 миллионеро, ки аз номзади усулгароён ҳимоят кардаанд, мадди назар қарор диҳад.
Агар ин корро накунад ва ҳукумати худро аз намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ташкил нанамояд, мумкин аст бо шароити сахти корӣ рӯбарӯ шавад. Зеро парлумони Эрон, ки тақрибан батамом аз намояндагони усулгаро ташкил шудааст, то замоне ба вазирони пешниҳодии раиси ҷумҳур ройи эътимод надиҳад, ҳаққи фаъолият надоранд. Маъмулан баррасии салоҳияти вазирон ва додани ройи эътимод ба онҳо боиси баҳсу мунозираҳои доғу ҷиддӣ дар парлумон мешавад, ба вижа агар номзадҳои пешниҳодшуда аз ҷабҳаи рақиб бошанд.
Гузашта аз ин ҳама, дар даври аввал 60 дарсад ва дар даври дуввум 50 дарсади интихобкунандагон рой надоданд, ки ин паём бисёр ҷиддӣ будаву маънову мафҳуми хосе дорад. Агар Пизишкиён битавонад ҳадди ақал нисфи ваъдаҳоеро, ки дар чанд ҳафтаи муборизаи интихоботӣ ба мардум дод, иҷро кунад, эътимоди қишри васеътаре аз ҷомеаро ба ҳукумат ва низом бар хоҳад гардонд. Ин нукта бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҳассоси минтақаӣ ва байналмиллалӣ барои Эрон аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Пизишкиён
Хелеҳо интизор доранд, ки бо омадани раиси ҷумҳури ислоҳталаб сиёсати хориҷии Эрон тағйири ҷиддӣ хоҳад кард. Чунин интизор зиёд воқеӣ нест, зеро сиёсати хориҷии Эрон дар чандин конуни хос тарроҳӣ мешавад, ки муҳимтарини он Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар аст. Агарчӣ раёсати онро раиси ҷумҳур бар уҳда дорад, мансабдорони олирутбаи сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ ва қазоӣ (додгоҳӣ), ки дар низоми Эрон аз нуфузи болое бархурдоранд, узви ин шӯро ҳастанд. Тасмимҳои ин шӯро танҳо пас аз таъйиди раҳбари Эрон ба иҷро гузошта мешаванд. Бинобар ин, нақши раиси ҷумҳур бештар нақши иҷроист, на тасмимгирандагии мустақил.
Пизишкиён ваъдаи гуфтумону таомул бо дунёро додааст, ки манзураш пеш аз ҳама кишварҳои ғарбист, ки ҳанӯз ҳеч як аз раҳбарони он пирӯзии раиси ҷумҳури нави Эронро табрик нагуфтаанд. То куҷо ин масир барои Пизишкиён ҳамвор хоҳад шуд, бешубҳа, ба иродаи ҷамъии нухбагони ҳокими Эрон вобаста аст ва шояд ҳам дар сатҳи тактикӣ аз фурсати бозгашти раиси ҷумҳури ислоҳталаб барои ба даст овардани имтиёзоте аз ғарбиҳо истифода шавад.
Бинобар ин, дар замони раёсати ҷумҳурии Пизишкиён авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон дастхуши тағйири ҷиддӣ нахоҳад шуд ва рушду густариши ҳамкориҳо бо шарикони суннатиаш, қабл аз ҳама Русия ва Чин, инчунин кишварҳои ҳамсоя, кишварҳои исломӣ ва кишварҳои ҳамсӯ дар авлавият қарор хоҳад гирифт.
Пизишкиён, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон
Бешубҳа, Эрон нисбат ба минтақаи мо рӯйкарду роҳбурди хоси худро дорад, аммо баръакси бархе аз кишварҳо, он дар шакли як санади алоҳида, ки ҳадафҳову авлавиятҳои Теҳронро нишон диҳад, муаррифӣ нашудааст. Бо вуҷуди ин, Эрон ҳамеша як бозигари муҳим дар Осиёи Марказист. Ба сурати табиъӣ, агар таҳримҳои Ғарб вуҷуд намедошт, Эрон бо такя ба нуфузи фарҳангиву таърихӣ, дастовардҳои муосираш дар арсаҳои илмӣ, фанноварӣ, саноатӣ, пизишкӣ ва ғайра метавонист нақши фаъолтаре дошта бошад.
Албатта, омилҳои дигаре низ вуҷуд дорад. Осиёи Марказӣ аз камшумортарин минтақаҳоест, ки Эрон манфиатҳои Русияро риоя мекунад ва ба назар мерасад, ки феълан нуфузи фазояндаи Чинро низ хилофи манфиатҳои худ намедонад. Зеро ҳузури ин ду бозигари муҳим дар Осиёи Марказӣ ин минтақаро барои Эрон қобили пешбинитар ва аз назари таҳдидҳо амнтар мекунад. Шояд дар оянда роҳбурди Эрон дар қиболи Осиёи Марказӣ тағйир ёбад, аммо ҳоло вазъият ҳамин гуна ки гуфта шуд, ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки дар замони раҳбарии бештари раисони ҷумҳури ислоҳталаби Эрон таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст. Инро омору арқом ҳам нишон медиҳад. Масалан, агар дар соли 2013 дар замони раиси ҷумҳури усулгаро Маҳмуди Аҳмадинажод мубодилаи тиҷории Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 6 миллиард доллар расида буд, пас дар соли 2019, яъне дар замони раиси ҷумҳури ислоҳталаб Ҳасани Рӯҳонӣ, то 675 миллион доллар коҳиш ёфт. Шоёни зикр аст, ки соли гузашта, яъне дар замони Саидиброҳими Раисии усулгаро, гардиши коло бо кишварҳои минтақаи мо ба ҳудуди 3.5 миллиард доллар расонда шуд, ки нишондиҳандаи бозгашти раванди мусбат дар ҳамкориҳои Эрону Осиёи Марказист.
Зимнан, то чанд соли пеш гардиши тиҷории миёни Тоҷикистону Эрон камтар аз 100 миллион доллар буд, ки дар соли 2023 то 270 миллион доллар афзоиш ёфт. Саидиброҳими Раисӣ пас аз интихоб шуданаш нахустин сафари расмии хориҷии худро дар моҳи сентябри соли 2021 ба Тоҷикистон анҷом дод, ки далели дарки аҳамияту ҷойгоҳи кишварамон барои Эрон буд.
Бояд ба ин нукта ишора шавад, ки Пизишкиён аз чеҳраҳои миёнрави ҷабҳаи ислоҳталаб буда, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи равобити дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон, ки нишебу фарозҳое доштааст, қадамҳои ҳисобшудаву ҳамсӯ бо манфиатҳои муштараки ду кишвари дӯсту бародар бар хоҳад дошт. Ба иборати дигар метавон гуфт, ки нигоҳи калони Эрон ба Тоҷикистон аз назари моҳият наздик ба паёмест, ки тавассути Муҳаммади Мухбир ба Владимир Путин расонда шуд.
Қосим Бекмуҳаммад
Asiaplustj
Қаламонлайн