Сармашқҳои ахлоқӣ

Адаб

Сармашқҳои ахлоқӣ

Сабки зиндагӣ

Дашном надиҳем, таҳқир накунем

Дашном додан сабаб мешавад, ки мо фарди беназокат, хашин ва бисёр бадахлоқ шинохта шавем ва афрод бо дидани асабоният ва дашном додани мо, энержии манфӣ дарёфт карда ва аз мо дур хоҳанд шуд.

Пас пеш аз дашном додан, талош кунем бо лабханд задан бо он дашномҳо биҷангем.

 

Меҳрубонӣ кунем, ҳатто бо камтарин ҳаракот

Лозим нест, ки фақат бо наздиктарин ва азизтарин афроди атрофамон меҳрубон бошем, балки бо афроди бегона низ меҳрубонона бархӯрд кунем. Масалан ҳангоми пору кардани барф, барфро аз роҳи хонаи ҳамсояамон низ пору кунем…

Бо анҷоми ин корҳо ва сарфи замон барои анҷомашон барои афроди бегона, фард эҳсоси қадрдонӣ хоҳад кард ва кори нек густариш меёбад.

 

Ба дигарон кӯмак кунем, то маҳбуби дигарон бошем

Кӯмак кардан боиси эҷоди ҳисси хуб дар худамон ва хушахлоқӣ мешавад. Яке аз роҳҳои хушахлоқӣ бо дигарон кӯмак ба афроди калонсол ва кӯдакон аст, зеро мумкин аст мо низ рӯзе ба кӯмаки дигарон ниёз дошта бошем.

 

Рафтор ва корҳои дигаронро қазовату доварӣ накунем

Афродро пеш аз он ки бо онҳо ошно шавем, қазоват накунем ва пеш аз бархӯрд, фарзро бар ин гузорем, ки онҳо хуб ҳастанд ва то вақте далеле барои хуб набудани онҳо надорем, аз қазовату доварӣ даст бардорем.

Афродро бар асоси зоҳирашон қазоват накунем ва он чи ки ҳастанд, бубинем. Яке аз роҳҳои хушахлоқӣ ин аст, ки бидуни қазоват ба одамон нигоҳ кунем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори шадиди Эрон ба Исроил
Ҳамлаи мушакӣ ба Ҷулон – намоиши саҳнасозишудаи исроилӣ

Матолиби пурбоздид