Меравад ашкам чу руд…

Адаб
Меравад ашкам чу руд…
Ғазали зебое аз Камоли Хуҷандӣ
Адабиёт
Бо суруду оҳу нола меравад ашкам чу рӯд,
Пеши мастони муҳаббат ин бувад рӯду суруд.
Ошиқонро дар маҷолис нола созад сарбаланд,
Мутрибонро дар маҳофил обрӯ бошад зи рӯд.
Бо сиришкам Даҷлаву Ҷайҳун ду ёри ошност,
Аз ду рӯди дидаи мо бод бар ёрон дуруд!
То чаро теғи туро хӯду зиреҳ гардад сипар,
Ҷангҳо шуд гоҳ моро бо зиреҳ, гоҳе ба хӯд.
Шавқи болои ту хун аз чашми мо бар хок рехт,
Ҳар куҷо селе, ки омад, омад аз боло фуруд.
Гуфтам: Аз себи самарқандӣ беҳу нори Хуҷанд
Бо занахдону лаби чун қанд. Гуфто: Беҳ набуд.
Гар нагирӣ чусту чобук себи симинаш, Камол,
Пеши аҳли ишқ бошӣ коҳили пойи муруд.
(Мавлоно Камоли Хуҷандӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саъдинома – Бӯстони Саъдӣ
Мунтахаби достонҳои Маснавии маънавӣ

Матолиби пурбоздид