Эй, ки лутфи ту бо мастон чунин…

Адаб
Эй, ки лутфи ту бо мастон чунин…
Дар “Ҷавомеул-ҳикоёт” аст, ки Зуннуни Мисрӣ (аз урафои номвар) гӯяд:
“Аз шаҳр берун омадам, то соате дар саҳро сайре кунам. Бар канори рӯди Нил роҳ мерафтам ва ба об нигоҳ мекардам. Ногоҳ ақраберо дидам, ки бо суръат меомад… Чун ба лаби об расид, қурбоқае бар лаби об омада буд ва он ақраб бар пушти ӯ нишаст ва қурбоқа шинокунон ҳаракат кард.
Гуфтам: ҳатман сирре дар ин қазия аст, худро бар об задам ва ба таъҷил аз об гузаштам ва ба канори об омадам.
Дидам, қурбоқа ба хушкӣ расид ва ақраб аз пушти ӯ ба хушкӣ омад. Ман дунболаш мерафтам, то ба зери дарахте расидам, мардеро дидам, ки дар зери сояи дарахт хуфта буд ва море сиёҳ қасди ӯ карда буд, ки ӯро неш бизанад, ки ногоҳ ақраб биёмад ва неше бар пушти мор зад ва ӯро ҳалок кард.
Пас, ақраб омад ба лаби об, бар пушти қурбоқа нишаст ва аз ин тараф ба он тарафи об рафт.
Ман мутаҳайир мондам ва пеши худ гуфтам: ҳатман ин мард яке аз авлиёи илоҳӣ аст, хостам пойи ӯро бибӯсам, аммо нигоҳ кардам, дидам, ҷавоне маст аст, тааҷҷубам бештар шуд. Сабр кардам, то ҷавон аз хоби мастӣ бедор шуд.
Чун бедор шуд, маро канори худ дид, мутааҷҷиб шуд ва гуфт: эй муқтадои аҳли замона! Бар сари ин гуноҳкор омадаӣ ва икром фармудаӣ?!
Гуфтам: аз ин ҳарфҳо назан, нигоҳ ба ин мор кун.
Чун морро дид, даст бар сари худ зад ва гуфт, чӣ иттифоқе афтодааст?
Тамоми қазияи ақраб ва қурбоқа ва морро нақл кардам. Чун ин лутфи Ҳақро дар бораи худаш бишунид ва дид, рӯй ба осмон кард ва гуфт:
Эй, ки лутфи ту бо мастон чунин аст, бо дӯстон чӣ гуна хоҳад буд?
Пас, дар рӯди Нил ғусле кард ва рӯй ба маҳалли худ ниҳод ва ба муҷоҳидат машғул шуд ва кораш ба ҷойе расид, ки бар ҳар беморе дуо мехонд, шифо меёфт”.
(Ҷавомеул-ҳикоёт)
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавлоно дар баёни мавлавипажуҳони ғарбӣ – III
Итъоми аҳлу аёл

Матолиби пурбоздид