15 низомии исроилӣ дар Рафаҳ кушта шуданд

 

15 низомии исроилӣ дар Рафаҳ кушта шуданд

 Соқит кардани болгарди “Апачӣ”-и Исроил тавассути Қассом

Ахбори ҷаҳон

Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом эълом кард, ки бо мунфаҷир кардани як бомб дар дохили хонае дар шаҳри Рафаҳ, 15 низомии артиши режими саҳюнистиро ба ҳалокат расонд.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз Алҷазира, гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом – шохаи низомии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки бо мунфаҷир кардани бомб дар дохили хонае дар минтақаи Ат-танур дар шарқи шаҳри Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза, 15 низомии саҳюнистро ба ҳалокат расонд.

Ба гуфтаи Қассом, ин низомиён дар дохили хона сангар гирифта буданд ва баъд аз инфиҷори бомб, размандагони Қассом бо боқимондаи онҳо даргир шуданд.

Гурдонҳои Қассом ҳамчунин аз ҳамлаи хумпораӣ ба низомиёни саҳюнисти мустақар дар бахши фаластинии гузаргоҳи Рафаҳ хабар доданд.

Ҳамзамон, гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо аз ҳадаф қарор додани як худрави низомии артиши режими саҳюнистӣ бо гулӯлаи RPG дар шарқи урдугоҳи Ҷаболиё дар шимоли навори Ғазза ва ворид кардани талафот ба ин режим хабар доданд.

Гурдонҳои Ал-муҷоҳдин низ эълом кард, ки як дастгоҳ тонки артиши режими саҳюнистиро бо мушорикати “Сароё ал-Қудс” дар урдугоҳи Ҷаболиё мунҳадим кардааст.

Гурдонҳои Иззуддин Қассом низ аз шиллики як фарванд мушаки “Сом-7” ба самти болгарди “Апачи”-и артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли урдугоҳи Ҷаболиё дар навори Ғазза хабар доданд.

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати раиси ҷумҳури Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ
Ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ ба як худрав дар Лубнон

Матолиби пурбоздид