Оё ба Амрико мешавад, эътимод кард?
Таҳлил
Дар чандсолаи ахир, ҳар кишвар ва ҳар мақоми давлатие, ки ба ғарб ва бахусус Амрико эътимод кард, натиҷаи манфӣ ва ҷуброннопазири ин эътимод ва боварро дидааст.
Дар солҳои ахир, бавижа пас аз оғози ҷанги Русия ва Украина, теъдоди миллионӣ аз украиниҳо ба ғарб паноҳ оварданд, ки натиҷае ҷуз оворагӣ барояшон надошт.
Бар ҳамагон рӯшан аст, ки заминаи аслии буҳрони ахири Украина, ки аз торихи 24-феврали соли 2022 оғоз мешавад, ба рақобати нобаҷои Амрико ва Русия бармегардад, ки имрӯз товони онро мардуми бегуноҳи Украина мепардозанд.
Ҳамин сарнавишт барои мардуми Сурия низ пеш омадааст, замоне ки дар ҳамалоти ДОИШ, (ки боз ҳам сохтаву пардохтаи ғарбиён ва амрикоиён аст), хонаву кошонаи худро тарк намуда ба кишварҳои ғарбӣ паноҳ бурда буданд.
Дуруст аст, ки далели оворагии мардуми Сурия ва Украина ҷанг буд, аммо масъала инҷост, ки мақомоти Украина комилан ба ғарб ва асосан ба васвасаҳову фитнаҷӯиҳои Амрико фирефта шуданд ва натиҷааш ҷуз оворагии мардумашон чизи дигаре набуд.
Ногуфта намонад, ки дар Эрон низ, шоҳиди эътимоди бархе аз масъулини ин кишвар ба ғарб ва бахусус ба мақомоти амрикоӣ будем, ки натиҷаи он ҳам тавре ки маълум аст, ҷуз зарару зиён дигар ҳеч дастоварде барои мардуми Эрон надошт, ки Барҷом намунаи рӯшани он мебошад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн