Ду акс дар як қоб

Таърих
Ду акс дар як қоб
Ибратҳои торих
Ин ду аксе, ки мулоҳиза мефармоед, аз як нафар аст: Баҳодуршоҳи дуввум, охирин имперотури Ҳинд. Яке, аз замоне, ки ӯ шоҳ ва имперотур ва ба истилоҳ “пешво” буд ва чунон ки атрофиёнаш мехонданд ва худаш ҳам гӯли ин ановинро хӯрда буд, шаҳаншоҳи ҷаҳон буд, сояи Худо дар рӯи замин буд, Искандари дуввум буд, ҷаҳониён зери сояи ӯ зиндагӣ ба сар мебурданд. Аммо акси дуввум, аз охирин лаҳазоти умри вай дар табъидгоҳ (бадрақа) дар Миёнмор (Бирма).
Сарнавишти ин бандаи Худо хеле шабоҳат дорад ба сарнавишти Сайид Олимхон. Баҳодуршоҳи дуввум аввал сахт ба англисиҳо вобаста буд ва онҳоро дӯсти худ мепиндошт. Истеъмори Бритониё ибтидо иқтисоди Ҳиндро ба даст гирифт, дар Ҳинд тамоми шараёни иқтисодӣ – аз корхонаҳои хурд бигир то кумпониҳо ва ширкатҳои бузург – ба дасти анлисиҳо мечархид ва ба ҳадде Ҳинд дар иқтисод ба Бритониё вобаста гардида буд, ки ҳеч чиз ҳатто либосу пироҳан ва дугма дар ин кишвар тавлид намешуд, ҳама чиз ба дасти анлисиҳо буд. Ин “шаҳаншоҳи ҷаҳон” ва “пешво” ва “сояи Худо дар рӯи замин” ба ҳадде содда буд, ки ҳар чи “дӯстонаш” (истеъмори Бритониё) мехост, бе чуну чаро медод (аз рӯи соддагӣ), худаш ба ду дасти адаб иқтисоди Ҳиндро дар ихтиёри “дӯстонаш” қарор дода буд. Пеши худ мегуфт, мо (ҳиндиҳо) фақат кайфу сафо мекунем ва аммо кору заҳматро бигузор англисиҳо бикашанд, бигузор либоси моро англисиҳои “бечора” ва “заҳматкаш” бисозанд, аммо мо оқоӣ мекунем.
Мардуми Ҳинд ҳам вақте диданд, ҳама чизро англисиҳо барояшон месозанд – аз роҳи оҳан бигир то дугма масалан – гуфтанд, инҳо омадаанд моро наҷот диҳанд, аз дасти сулолаи муғулҳо (писарамуи манғитҳо) ва бинобар ин вақте алайҳи истеъмори Бритониё чанд инсони бошараф ва миҳанпараст ҷангиданд, мардум (ва ҳатто ба истилоҳ равшанфикрони ҳиндӣ) гуфтанд, ки ин шӯришиҳо “терурист” ҳастанд, “босмачӣ” ҳастанд, хайри моро намехоҳанд, аммо анлисиҳо на, инҳо хубанд, бароямон роҳи оҳан сохтанд, либосамонро медӯзанд.
Хулоса, ин оқои “шаҳаншоҳи ҷаҳон”, ки ба унвони раҳбари “босмачиҳо” интихоб шуда буд, вақте тавассути “дӯстонаш” (истеъмори Бритониё) дастгир шуд, ба бадтарин шакл ва залилтарин сурат ба Бирма табъид шуд. Аввал “дӯстонаш” мехостанд ӯро эъдом кунанд, аммо гуфтанд на, ба Бирма гусел мекунем ва аз шарраш халос мешавем.
Манбаъ: Фесбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд дарси кӯтоҳи зиндагӣ
Зарбулмасалҳои ибратомӯз

Матолиби пурбоздид