Зангҳои ойинаи фазл

Зангҳои ойинаи фазл

Агар донишмандону фарҳангиёнамон ба арзишҳои миллии худ содиқ мебуданд, миллат ҳаргиз ба “мардуми бехонумони таърих” табдил намешуд…

Ва аҷаб ҳам набояд дошт, ки агар арзишҳои хирад зери по шаванд, ношоистатарин афрод раҳбару раҳнамо мешаванд ва агар фазилатҳои инсонӣ хор гарданд, нолоиқтарин олимон сазовори унвонҳову ҷоизаҳо мегарданд.

Дар ин миён фақат мардум нодону бечора аст ва ғофил аз ҳама чиз, ночор вазнаҳои ҷисмӣ ва молии донишмандони муфтхӯрро бар дӯши хеш дораду боз ҳам дар ватанаш муттаҳам аст.

Кай мешавад, ки ойини ойинасозони илм шикаста шавад ва чӣ замоне меояд, ки ойини илму дониш эҳё гардад?

Навмедиҳои миллатро афзуда макунем!

Аз oн рӯзе бояд битарсем, ки бидуни ормон бимонем!

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳосили ранҷи боазоб
Сиёсат руспӣ нест

Матолиби пурбоздид