“Садои Шарқ” – Маҷаллае бо маҳсули кории як пажуҳишгоҳ

“Садои Шарқ” – Маҷаллае бо маҳсули кории як пажуҳишгоҳ

Устод Ҳафиз Раҳмон

Дар ҳар навиштор ба андозае муболиға ба кор меравад. Аксаран чунин кор аз муҳаббат мешавад ва хоставу нохоста шахси нависандаро ба “асорат” мегирад. Дар шеър инро суггестивият мегӯянд, ба маънои тасхир шудани қалби кас аз зуҳур ва фаҳму дарки ин ё он падидаву ҳолату вазъ. Аммо дар ин сарлавҳаи мо аслан муболиға нест. Банда ин сарлавҳаро баъди иштирок дар баррасии солонаи маҷаллаи “Садои Шарқ” (натиҷагириҳо аз соли 2022) мувофиқ дарёфтам…

Ҷаласа парерӯз, рӯзи сешанбе (28-уми феврал) дар толори хурди Иттиҳодияи нависандагон баргузор шуд ва хеле тӯл кашид, 2 соату 47 дақиқа. Боре навишта будам, ки агар ҷаласа аз 1 соату 20 дақиқа бештар шавад, нороҳатие дар вуҷуди ҳар кас пайдо хоҳад шуд. Хусусан дар ҷамъомадҳое, ки дар онҳо масоили ҳаррӯзаи зиндагӣ, тартиби кору фаъолият ва ё ҷашнворае матраҳ шаванд… Аммо ҳаргиз ин сухани мо ба ҷаласаҳои махсуси адабу фарҳангу ҳунар рабте надорад. Чунки сухан аз адабиёт поён надорад…

Ҳамин тавр, сабаби тӯл кашидани ин ҷаласа ҳамин буд, ки ҳама паҳлуҳои фаъолияти маҷалла – назму насру иҷтимоиёту тарҷума ва нақд батафсил баррасӣ шуданд: ҳама осори мансури дар як сол нашршударо Сироҷиддин Икромӣ, масъалаҳои назму шеърро Толиби Луқмон, нақди адабиро Муҳриддин Сабурӣ, мақолоти сиёсиву иҷтимоӣ ва тарҷумаҳоро Шодӣ Раҷабзод муфассалан таҳлил карданд. Ҳар чизе гуфта шуд, бо далел ва мисолҳои мушаххас баён шуд.

Ин гуфтугузор як навъ ҳисоботе буд аз зиндагии яксолаи адабии кишвар, яксола маҳсули қалами адибон ва низ рӯйдодҳое, ки ба адабиёт робитае доштанд. Ин ҷаласа ҳам барои онҳое муҳим буд, ки ҳар шумораи ин маҷалларо мехонанд ва барои бойгонии худ нигаҳ медоранд, аммо агар дар толори фарохтаре бо ширкати шумори бештари дӯстони адабу фарҳанг баргузор мешуд, аҳаммияташ дучандон мегашт. Банда инро дар назар дорам, ки боястӣ аз ҳама муассисоти ба тарғиби адабу фарҳанг алоқаманд намояндаҳо иштирок мекарданд… Махсусан аз сохторҳои масъули фарҳангу адабиёт, пажуҳишгоҳҳои Академияи улум, телевизиону радио ва ғайра… Аммо… Аммо наомаданд ва танҳо онҳое ҳузур доштанд, ки дар ин иттиҳодия масъули кор буданд, ба истиснои як гурӯҳи хурди донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ…

Таҳлилу баррасиҳои як соли нашри “Садои Шарқ” собит кард, ки ин маҷалла ба зоти худ беҳамтост ва бори вазнини тарғиби адабиёт ва ҳунарро ба шона дорад. Ягона маҷаллаест, ки мақоми миллӣ дорад ва беҳтарин осори адибони маъруф ва инчунин ҷавонони навқаламро ба нашр мерасонад. Аз мутолиаи ин маҷалла манзараи умумии адабиётро тасаввур кардан мумкин: ҳам ҳолу ҳавои шеъри имрӯз, ҳам насри бадеӣ, ҳам тарҷумаву дромнависиҳоро. Инчунин маҷалла гӯшаи “Иҷтимоиёт” ҳам дорад, ки назари аҳли адаб ва таҳқиқро ба муҳимтарин масъала ва проблемаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву экологии кишвар ифода мекунад…

“Садои Шарқ” ба маънои воқеияш алтернатив надорад. Чанд соле қабл “Адиб” ном маҷаллаи дигаре ба майдони адаб омад, аммо бо чӣ сабабе баъди як-ду шумора аз назарҳо ғоиб шуд… Дар ду соли ахир “Садои Шарқ” ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам муҳтавои матолиб тағйир кард, зоҳирану ботинан зебо шуд. Ҳоло аз донишҷӯёни ихтисосҳои адабшиносӣ то муҳаққиқони ҳирфаӣ ба ин маҷалла ҳамчун сарчашмаи иттилооти адабӣ рӯ меоранд ва тақрибан рисолаву дастурҳое нест, ки бидуни муроҷиат ба ин манбаъ омода бишаванд.

Дақиқан намедонам, ки чанд касе ба омодасозиву нашри маҷалла масъул аст, ҳамин қадар медонам, ки ба ҷуз сардабири он – шоири маъруф устод Рустам Ваҳҳобзода, инчунин шоир ва донишманди адабиёт Давлати Раҳмониён, аз ҷавонони заҳматписанд Баҳманёр Муродӣ ва Бузургмеҳри Ҳаким дар ин маҷалла машғули коранд. Ҳар замоне, ки ба суроғашон рафтаам, даста-даста дастнависҳоро болои мизашон дидаам…

Иштирок дар ин ҷаласа бандаро ба ҳамон хулосае овард, ки дар сарлавҳа навиштам: воқеан, маҷаллаи “Садои Шарқ” корҳоеро дар нашр ва тарғиби адабиёт мекунад, ки баробар ва ҳатто вазнинтар аз фаъолияти як пажуҳишгоҳ аст. Агар, фаразан, 12 шумораи як соли маҷалларо ба сурати китоб даровардан имкон бошад, метавон онро “Таърихи яксолаи адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон” ном гузошт…

“Садои Шарқ” ҳоло мисли як кишоварз, мисли як тоҷир, мисли як боғбонест, ки маҳсули корашро тарғиб кардан зарур аст. Ягона маҷаллаи миллӣ дар кишвар тарғиб мехоҳад, заҳмат ва муҳтавои онро тавассути радиову телевизион ва дигар васоити иттилоърасонӣ ба ҳар хонавода расонидан шарт аст, то ки мардум аз сарчашмаи нашри эҷоди бадеъ огаҳӣ ёбанд, онро дастрас кунанд ва бихонанд…

Сироҷиддин Икромӣ ба банда гуфтанд, ки чандин маротиба аст, ки телевизионро даъват мекунем, аммо намеоянд. Шояд барои маъмурони телевизион, муҳаррирону кормандони он иштирок ва гузориш кардан аз ин гуна тадбирҳои адабӣ чандон муҳим нанамояд, аммо барои мардум муҳим аст. О, сухан аз сатҳи маърифат ва афзоиш додани шавқу завқи мардум ба адабиёт меравад-ку…

Барои мардуме, ки баъди “бисмиллоҳ” ҳамеша панде аз шеър ё устураи адабие дар забонаш аст, донистани он ки дар як сол чӣ миқдор осори адабӣ нашр шуд ва сифати онҳо чӣ сон буд, гумонам, хеле муҳим аз ҳар хабари дигар аст…

Ҳафиз РАҲМОН

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қарздортарин ширкатҳои кишвар
Кундаи танро зи пойи ҷон бикан

Матолиби пурбоздид