Зафари Мирзоён, шоҳномашиноси маъруфи тоҷик даргузашт

Зафари Мирзоён, шоҳномашиноси маъруфи тоҷик даргузашт

Ахбори минтақа

Даргузашти Зафари Мирзоён, шоҳномапажуҳ ва донишманди маъруфи тоҷик, ҷомеаи аҳли адаб ва ҳамаи адабиётдӯстони тоҷикро андуҳгин намуд.

Ба гузориши сомонаи «Пресса», Зафар Мирзоён муҳассили мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Ховалинг (1952-1962), донишҷӯ (1967-1972), хатмкардаи факултаи Шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии ДДТ (1994), ассистенти кафедраи форсии факултаи Шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи идеологии Кумитаи партиявии ноҳияи Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003-2007) буд.

Мирзоён аз ҷумлаи шоҳномашиносони шинохтаи Тоҷикистон дониста шудааст. Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудааст. Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзуҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш гузаронидааст.

Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандгори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расидаанд.

Сомонаи Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавлоно дар баёни мавлавипажуҳони ғарбӣ
Муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Роғун

Матолиби пурбоздид