Фалсафаи ахлоқ – Х

Фалсафаи ахлоқ
Бахши даҳум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Назрияи виҷдонӣ
وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا
(Шамс/7- 8 )
Сухан расид ба назарияи виҷдон дар ахлоқ; назарияи касоне, ки мабдаи афъол ва андешаҳо ва тасмимоти ахлоқии инсонро чизе ба номи “виҷдон” медонанд. Назар ба ин ки ин назария аз тарафи яке аз бузургтарин файласуфони ҷаҳон иброз шудааст ва ба илова, худи назария, назарияи қобили таваҷҷӯҳе аст ва ба илова, ҳамаи инҳо агар бино бошад назарияе дақиқан мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад, набояд инсон онро сарсарӣ нақл кунад ва баъд нақд ё тасдиқ намояд, аз ин рӯ бо иҷозаи мустамеъони мӯҳтарам, тавзеҳоте дар бораи ин назария арз мекунам ва фикр мекунам навъи мустамеъин навъе аст, ки бо тарҳи ин гуна масоил мухолиф нестанд, балки мувофиқанд.
Оё ҳамаи мӯҳтавиёти зеҳнии инсон маъхуз аз таҷориб аст?
Ин назария аввалан мубтанӣ аст бар як назарияи дигаре, ки худи Кант ва баъзе файласуфони дигари ҷаҳон дошта ва доранд. Тавзеҳ ин ки: ин масъала дар ҷаҳон матраҳ аст, ки оё ҳамаи мӯҳтавиёти зеҳни инсон, ҳамаи сармояҳои зеҳнӣ ва фикрӣ ва виҷдонии инсон маъхуз аз эҳсос ва таҷориби инсон аст? Яъне оё ҳамаи фикрҳо, андешаҳо ва эҳсосҳое, ки дар инсон вуҷуд дорад, ибтидо, ки ӯ ба дунё меояд, ба ҳеч шакле вуҷуд надорад ва инсон ҳар чи ба даст меоварад, фақат аз роҳи ҳавосс (чашм, гӯш, ломиса, зоиқа ва шомма) ба даст меоварад? Ё як силсила аҳком аз ибтидо ҳамроҳи зеҳни инсон вуҷуд дорад?
Баъзе мӯътақиданд — ҳам дар қадим мӯътақид будаанд ва ҳам дар ҷадид — ки дар зеҳни инсон ҳеч чизе вуҷуд надорад, ки қаблан дар ҳисси ӯ вуҷуд надоштааст. Ҳамаи мӯҳтавиёти фикрӣ ва зеҳнии инсон аз ҳамин дарвозаҳои ҳавосс вориди зеҳн шудаанд ва ғайр аз инҳо чизе нест. Аз назари ин афрод, зеҳни инсон ҳукми анбореро дорад, ки дар ибтидо холии маҳз аст, аз панҷ дар ё бештар (агар ҳавосси бештар бошад), ашёе дар ин анбор рехта мешавад ва анбор пур мегардад, вале ин анбор, ки пур шудааст, ҳеч чизе дар он нест магар ин ки аз яке аз ин дарҳо омада ва дар ин анбор чизе, ки аз ин дарҳо ворид нашуда бошад, вуҷуд надорад.
Назарияи дигар, назарияи касоне аст, ки мегӯянд, он чи дар анбори зеҳнии инсон ҳаст, ду бахш аст: бахше аз онҳо аз ҳамин дарҳо ва равзанаҳои ҳавосс (чашм ва гӯш ва шомма ва ломиса ва зоиқа ва амсоли инҳо) омадааст ва порае аз онҳо қаблӣ аст, яъне қабл аз эҳсос дар зеҳни мо вуҷуд дорад. Оқои Кант ин назари дуввумро интихоб карда ва мӯътақид ба ҳақоиқи моқабли таҷрибӣ аст. Ин як муқаддима.
Ақли назарӣ ва ақли амалӣ
Матлаби дигар — ки қудамои мо ҳам ҳамеша мегуфтаанд ин аст, ки – мегӯянд, ақли инсон ду бахш аст: бахши назарӣ ва бахши амалӣ, ё аҳкоми ақли инсон ду бахш аст: назарӣ ва амалӣ. Як қисмат аз корҳои ақли инсон дарки чизҳое аст, ки “ҳаст”. Инҳоро мегӯянд ақли назарӣ. Қисмати дигар дарки чизҳое аст, ки “бояд” бикунем, дарки “боядҳо”. Инҳоро мегӯянд ақли амалӣ.
Кант тамоми фалсафааш нақди ақли назарӣ ва ақли амалӣ аст, ки аз ақли назарӣ чӣ корҳо сохтааст ва аз ақли амалӣ чӣ корҳо? Ӯ дар поён ба инҷо мерасад, ки аз ақли назарӣ кори зиёде сохта нест, умда ақли амалӣ аст, ки ӯ ба ҳамин масъалаи виҷдон мерасад. Ин ҳам муқаддимаи дуввум.
Аҳкоми виҷдон аз назари Кант
Муқаддима севвум: Кант мегӯяд, виҷдон ё ақли амалӣ, як силсила аҳкоми қаблӣ аст, яъне аз роҳи ҳиссу таҷриба ба дасти башар нарасида, (балки) ҷузъи сиришт ва фитрати башар аст. Масалан, фармон ба ин ки рост бигӯ, дурӯғ нагӯ, фармоне аст, ки қабл аз ин ки инсон таҷрибае дар бораи росту дурӯғ дошта бошад ва натиҷаи ростӣ ва дурӯғро бибинад, виҷдон ба инсон мегӯяд, рост бигӯ, дурӯғ нагӯ. Бинобар ин, дастурҳое, ки виҷдон медиҳад, ҳама дастурҳои қаблӣ ва фитрӣ ва — ба таъбири авомм — модарзодӣ аст, ба ҳиссу таҷрибаи инсон марбут нест. Ба ҳамин далел, фармони ахлоқӣ ба натоиҷи корҳо кор надорад, худаш асос аст. Масалан, мо мегӯем: рост бигӯ, баъд барояш истидлол мекунем, ки: агар инсон рост бигӯяд, мардум ба ӯ эътимод мекунанд, мардум ба гумроҳӣ намеафтанд, худаш шахсият пайдо мекунад; натоиҷи ростиро зикр мекунем.
Ҳамчунин мегӯем: дурӯғ нагӯ; натоиҷи бади дурӯғро зикр мекунем. Мегӯяд: виҷдони ахлоқӣ ба ин натоиҷ коре надорад, фармоне аст мутлақ. Ба иборати дигар, он ақл аст, ки бо маслиҳат сару кор дорад. Ғалат аст, ки мо биёем барои масоили ахлоқӣ истидлол кунем, ки: эй мардум! Амонат дошта бошед ба ин далел ва баъд осор ва маслиҳат ва фоидаи амонатро зикр кунем. Эй мардум! Хиёнат накунед, баъд мафосиди хиёнатро зикр кунем. Эй мардум! Одил бошед, он гоҳ маслиҳатҳо ва осори адолатро зикр кунем. Золим набошед, осор бади зулмро баён намоем. Мегӯяд, ин иштибоҳ аст. Инҳо кори ақл аст, ки дунболи маслиҳат меравад.
Ақл чун дунболи маслиҳат меравад, аҳкомаш ҳамеша машрут аст, яъне ҳамеша ба чизе фармон медиҳад ба хотири як маслиҳат. Як ҷо мебинед он маслиҳат аз байн рафт. Маслиҳат, ки рафт, ақл ҳам даст аз ҳукми худаш бармедорад. Масалан, ақл мегӯяд, амонат ба харҷ бидеҳ барои фалон маслиҳат. Як ҷо он маслиҳат вуҷуд надорад, мегӯяд, на, инҷо дигар амонат ба харҷ надеҳ. Ё мегӯяд, рост бигӯ ба хотири фалон маслиҳат. Як ҷо он маслиҳат аз даст меравад, мегӯяд, на, инҷо дигар рост нагӯ, инҷо ҷойи дурӯғ гуфтан аст.
Кант мегӯяд, ин ки ахлоқиюн гоҳе иҷоза медиҳанд бар хилофи усули ахлоқӣ рафтор бишавад, иллаташ ин аст, ки инҳо нахостаанд аз виҷдон илҳом бигиранд, хостаанд, аз ақл дастур бигиранд. Ин ақл аст, ки дунболи маслиҳат меравад. Виҷдон ин ҳарфҳо сараш намешавад; ӯ мегӯяд, рост бигӯ, як ҳукми мутлақ ва било шарт ва бидуни ҳеч қайде, ба асар ва натиҷааш кор надорад. Мегӯяд, рост бигӯ ҳарчанд барои ту натоиҷи зиёновар дошта бошад ва дурӯғ нагӯ ҳарчанд манофеъи зиёде барои ту дошта бошад. Ӯ асосан ин ҳарфҳо дар кораш нест, мегӯяд, мутлақан рост бигӯ ва мутлақан дурӯғ нагӯ. Гуфт:
Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.
(Ҳофиз)
Дар андаруни мо Худо якчунин қувваи омир ва фармондеҳе қарор дода бо як силсила фармонҳо ва таклифҳо, ки аз даруни мо ба мо фармони ахлоқӣ медиҳад. Ба иборати дигар, башар “таклиф сари худ” ба дунё омада. Дигарон мегӯянд, инсон мустаъидди таклиф ба дунё омада, қобил барои ин ки баъдҳо мукаллаф бишавад ба дунё омадааст. Кант мегӯяд: аслан башар мукаллаф ба дунё омада; таклифҳояш ҳамроҳи худаш ҳаст. (1) Инсон “таклиф сари худ” ба дунё омадааст, яъне порае аз таклифҳо дар даруни худаш гузошта шуда; нерӯе дар даруни худаш ҳаст, ки он фармонҳоро мураттаб ба ӯ медиҳад.
Азоби виҷдон
Баъд (Кант) мегӯяд: оё ҳаргиз талхии пушаймониро чашидаед? Ҳеч кас нест, ки як кори ғайри ахлоқӣ карда бошад ва баъд худаш талхии он корро начашида бошад. Одам ғайбат мекунад ва дар ҳоле, ки ғайбат мекунад гарм аст, мисли он одаме, ки даъво мекунад ва дар ҳоли даъво ончунон гарм аст, ки ҷарроҳоте ба баданаш ворид мешавад, ҳиссе намекунад, вале вақте, ки даъво тамом мешавад ва ба ҳоли оддӣ бармегардад, тоза дардро эҳсос мекунад.
Инсон дар ҳоле, ки гарми як ҳаяҷоне ҳаст; ғайбат мекунад, лаззат мебарад мисли лаззати одами гуруснае, ки — ба таъбири Қуръон — гӯшти мурдаи бародарашро бихӯрад. Аммо ҳамин ки ин ҳолат рафъ бишавад, як ҳолати танаффури аз худаш дар худаш пайдо мешавад; эҳсос мекунад, ки аз худаш танаффур пайдо карда, дилаш мехоҳад худаш аз худаш ҷудо бишавад, худашро маломат ва сарзаниш мекунад.
Имрӯз ин ҳолатро “азоби виҷдон” мегӯянд ва ин воқеан ҳақиқате аст. Аксари ҷониҳои дунё — ҳарчанд барои чанд лаҳза — азоби виҷдонро эҳсос мекунанд. (2) Аксари ҷониҳои дунё мӯътод ба як силсила саргармиҳои хеле шадиданд; мӯътод ба як силсила мухаддирҳо аз қабили тарёк, героин, мускирот ва қимор, ё саргармиҳои бисёр шадид ва мунсарифкунандаи дигар. Ин барои он аст, ки мехоҳад аз худаш фирор кунад. Худаш инро ҳисс мекунад, ки агар худаш бошад ва худаш, аз худаш ранҷ мебарад ва гӯӣ дарунаш пур аз мору ақраб аст ва доиман доранд ӯро мегазанд. Ҳамон тавр, ки ба шахсе, ки аз дарди шадиде менолад морфин тазриқ мекунанд, то он дардро ҳисс накунад, ин саргармиҳо ва мухаддирот ва мускирот ва қиморҳо — ки бештар дар афроди ҷинояткор ва фосидуламал пайдо мешавад — барои фирор аз худ аст. Мехоҳад аз худаш фирор кунад ва ин чӣ бадбахтӣ аст ва чаро бояд инсон худашро ончунон бисозад, ки натавонад бо худаш хилват кунад?! Баръакс, чаро аҳли салоҳ, аҳли тақво, аҳли ахлоқ; онҳо, ки ҳамеша нидои виҷдонашонро шунида ва итоат кардаанд, аз ҳар чи ки онҳоро аз худашон мунсариф кунад, фирорӣ ҳастанд; дилашон мехоҳад худашон бошанд ва худашон ва фикр кунанд? Чун олами дарунашон аз олами берун воқеан солимтар аст. Он ки олами дарунаш мисли боғи ваҳшӣ аст, ки сабуъҳо ва дарандаҳо ва газандаҳояшро раҳо карда бошанд, аз худаш фирор мекунад меравад ба тарафи мухаддирот, вале ин баръакс аст. Муллои Румӣ мегӯяд:
Як замон танҳо бимонӣ ту зи халқ,
Дар ғаму андеша монӣ то ба ҳалқ.
Хулоса, мегӯяд, ин ки инсон наметавонад бо худаш хилват кунад, барои ин аст, ки худи воқеияшро аз даст додааст ва ба қавли инҳо, барои ин аст, ки наметавонад як лаҳза бо виҷдони худаш ба сар бибарад. Виҷдон мегӯяд: чаро чунин кардӣ?! Мебоист чунин намекардӣ.
Кант мегӯяд: ин талхиҳои пушаймониҳо, ин азоби виҷдонҳо аз куҷост? Агар чунин фармондеҳе дар даруни инсон намебуд, инсон худаш аз кори худаш розӣ буд ва лоақал дар дарунаш нороҳатӣ надошт, аз берун нороҳатӣ дошт. Вале инсон ҳамеша аз дарунаш эҳсоси нороҳатӣ мекунад. Мегӯяд: ин амр барои он аст, ки он нерӯ як нерӯи қаблӣ аст, яъне таҷрибӣ нест, мутлақ аст ва мисли ҳукми ақл машрут ба маслиҳат нест, ом аст ва дар ҳама ҷо як ҷур содиқ аст; барои ман ҳамон андоза содиқ аст, ки барои шумо ва барои шумо ҳамон қадр содиқ аст, ки барои ашхоси дигар. Ҳамчунин зарурӣ ва ҷабрӣ ба маънии ғайриқобили таслим аст. Инсон метавонад худашро таслими дигарон кунад, вале ҳаргиз наметавонад виҷдонашро таслим кунад. Инсон мумкин аст худаш таслими як ҷаббор ё таслими як амали зишт бишавад, вале виҷдон ба гунае аст, ки ҳаргиз таслим намешавад. Виҷдони он ҷинояткортарини ҷинояткорони дунё ҳам ҳозир нест таслими он ҷинояткор бишавад, яъне ба ӯ бигӯяд, бисёр хуб, кори хубе кардӣ; рӯйи ҳукми худаш истода, мисли як омир ба маъруф ва ноҳӣ аз мункари Абӯзармаоб, ки ҳеч нерӯе наметавонад ӯро таслим кунад. Аз дарун, инсонро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад. Сирри девонгиҳои бисёре аз ҷинояткорон, ки ҷиноятҳои фаҷеъ муртакиб мешаванд ва вақте ба худ бармегарданд, ончунон нороҳат мешаванд, ки девона мешаванд — ва таърих аз мисли инҳо зиёд суроғ дорад — ҳамин аст. Пас талхии пушаймонӣ, худаш далел бар ин матлаб аст, ки воқеан инсон аз чунин виҷдоне баҳраманд аст.
* * *
(1) Албатта мақсуд таклифҳои ғайри виҷдонӣ нест, порае аз таклифот аст. Ӯ фақат таклифҳои ахлоқиро мегӯяд.
(2) Ин ки намегӯям ҳама, чун ман чунин оморе надорам, вале ғайрашро ҳам суроғе надорам.
* * *
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зуфархон Ҷавҳарӣ
Робитаи фитрат ва тарбият

Матолиби пурбоздид