Исмоил Ҳаниа: “Муқовамати Фаластин дар авҷи тавонмандӣ ва иқтидор қарор дорад”

Исмоил Ҳаниа: “Муқовамати Фаластин дар авҷи тавонмандӣ ва иқтидор қарор дорад”
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, имрӯз (31 октябр) дар дидор ва гуфтугӯ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар Қатар, гуфт: “Муқовамати Фаластин дар авҷи тавонмандӣ ва иқтидор қарор дорад.”
Вай афзуд: “Режими ишғолгар ба ҷойи даргир шудан бо нерӯҳои муқовамат, ҳамла ба шаҳрвандони фаластиниро ҳамчунон дар барномаи худ дорад ва то кунун ҳаҷми маводди мунфаҷирае, ки дар Ғазза алайҳи шаҳрвандон ва маконҳои маскунии Ғазза ба кор бурда, бузургтар аз ҳаҷми бомби атомии Омрико дар Ҳирушимо аст ва ин ҳамалот бо ҳимояти комили Омрико ва бархе кишварҳои урупоӣ дар ҳоли анҷом аст.”
Исмоил Ҳаниа тасреҳ кард: “Мо пайгири талошҳои арзишманди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ барои ҳимоят аз миллати Фаластин ҳастем ва ташаккури қалбии худ ва миллати Фаластинро аз ин талошҳо эълом мекунем.”
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти писари мағрур
Абуубайда: Ин ҷангро сароғозе барои озодсозии Фаластин ва ихроҷи Исроил медонем

Матолиби пурбоздид