Телавив пас аз 47 рӯз ҷанг, бо тамоми шартҳои Ҳамос тан ба оташбас дод
Ҷузъёте дар бораи оташбас дар Ғазза
Пас аз 47 рӯз даргирӣ миёни муқовамати Фаластин ва артиши режими саҳюнистӣ, Телавив бомдоди имрӯз (22 ноябр) саранҷом бо тавофуқи оташбас дар Ғазза бо шартҳои Ҳамос мувофиқат кард, мақомоти омрикоӣ аз миёнҷигариҳои Қатар ва Миср дар ин парванда ташаккур карданд.
Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бомдоди имрӯз (22 ноябр), бо таъйиди тавофуқи иҷрои оташбас бо режими саҳюнистӣ, тайи баёнияе ҷузъиёти муфоди ин тавофуқро мунташир кард.
Ба гузориши шабакаи Алҷазира, дар баёнияи Ҳамос омадааст: “Пас аз музокироти сахт ва печида ва тӯлонӣ, эълом мекунем, ки бо ёрии Худованди Мутаъол ва талошҳои зиёди тарафи қатарӣ ва мисрӣ, ба тавофуқи оташбаси инсондӯстона (оташбаси муваққат) ба муддати 4 рӯз даст пайдо кардем”.
Ҳамос дар идомаи баёнияи худ муфоди ин тавофуқро эълом кард, ки бар асоси он, даргириҳо аз сӯйи ду тараф, фаъолиятҳои низомии артиши режими саҳюнистӣ дар ҳамаи манотиқи Ғазза ва низ ҷобаҷоии худравҳои зиреҳии ин режим дар ин минтақа мутаваққиф хоҳад шуд.
Бар асоси ин тавофуқ, садҳо мошини вежаи ҳомили кӯмакҳои башардӯстона, дармонӣ ва сӯхт бидуни истисно вориди ҳамаи манотиқи Ғазза хоҳад шуд.
Ҳамос афзудааст: “50 асири зану кӯдаки исроилии зери 19-сола дар муқобили 150 зану кӯдаки зери 19-солаи фаластинӣ бар асоси собиқаи асорат озод хоҳанд шуд”.
Дар идомаи ин тавофуқ омадааст: “Ҳамалот ва парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ-бомбафканҳои режими саҳюнистӣ тайи чаҳор рӯзи оташбас, дар ҷануби Ғазза ва дар шимоли Ғазза низ ба муддати 6 соат аз соати 10 субҳ то 4 баъд аз зуҳр мутаваққиф хоҳад шуд”.
Ҳамос таъкид кардааст, ки тайи давраи оташбас, режими ишғолгар ӯҳдадор шуда, ки ба ҳеч фарде дар тамоми манотиқи навори Ғазза таъарруз ва ҳамла накунад ва шаҳрвандони фаластинӣ озодии убур аз шимоли Ғазза ба самти ҷануб дар имтидоди хиёбони Салоҳуддинро хоҳанд дошт.
Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин афзудааст: “Муфоди ин тавофуқнома бар асоси дидгоҳи муқовамат ва мулоҳазоти он тадвин шуд, ки ҳадафи он, хидмат ба мардуми Ғазза ва тақвияти пойдории онон дар баробари таҷовузот буд ва муқовамат ҳамвора ба фидокориҳо, ранҷҳо ва дағдағаҳои онон таваҷҷӯҳ доштааст ва ин музокаротро бо вуҷуди талошҳои ишғолгарон барои тӯлонӣ кардан ва ба таъвиқ андохтани он, аз мавзеъи қудрати майдонӣ анҷом дод”.
Дар поёни баёнияи Ҳамос омадааст: “Дар ҳоле, ки мо расидан ба як тавофуқи оташбасро эълом мекунем, таъкид мекунем, ки дастони мо рӯйи тугами автомат боқӣ хоҳад монд ва гурдонҳои пирӯзи мо омодаи дифоъ аз миллати мо ва шикасти ишғолгарон ҳастанд”.
Пештар манобеи хабарӣ гузориш дода буданд, кобинаи режими саҳюнистӣ ба сурати расмӣ тавофуқи мубодалаи асирон бо ҷунбиши Ҳамосро пазируфта ва таъйид кардааст.
Вазорати хориҷаи Қатар низ бомдоди имрӯз дар вокуниш ба тавофуқи табодули асирон байни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши Ҳамос ва барқарории оташбаси чаҳоррӯза эълом кард, ки замони шурӯъи оташбаси башардӯстона зарфи 24 соат эълом мешавад ва ба муддати чаҳор рӯз идома хоҳад дошт, ки қобили тамдид аст.
Вазорати хориҷаи Қатар меафзояд, муваффақияти миёнҷигарии муштарак бо Миср ва Омрико байни Исроил ва Ҳамосро, ки мунҷар ба тавофуқ барои оташбаси башардӯстона шуд, эълом мекунем.
Бино бар эъломи Вазорати хориҷаи Қатар, барқарории оташбас иҷозаи вуруди теъдоди бештаре аз корвонҳои башардӯстона ва кӯмакҳои имдодӣ аз ҷумла сӯхти таъйиншуда барои ниёзҳои башардӯстонаро медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, марҳилаи аввал шомили табодули 50 зиндонии зану кӯдаки ғайринизомӣ дар Ғазза дар изои озодии занону кӯдакон аз зиндонҳои режими Исроил аст ва теъдоди озодшудагон дар мароҳили баъдии иҷрои тавофуқ афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ҳоле, ки ҳанӯз замони дақиқи оғози оташбас мушаххас нашудааст, як масъул дар давлати Омрико эълом кард, ки оташбас 24 соат аз эъломи тавофуқи расмӣ оғоз мешавад ва эҳтимол меравад, ки замони дақиқи он субҳи панҷшанбе бошад.
Расонаҳои саҳюнистӣ низ эълом карданд, ки оташбас аз зуҳри панҷшанбе вориди марҳилаи иҷро мешавад ва бар асоси он, нахустин гурӯҳ аз асирони ду тараф озод мешаванд.
Кобинаи режими саҳюнистӣ низ бомдоди чаҳоршанбе пас аз таъйиди тавофуқи мубодалаи асирон бо Ҳамос, бо судури баёнияе, хостори вақфаҳои бештар дар ҷанг шуд ва эълом кард: “Озодии ҳар 10 гаравгон бештар ба як рӯз вақфаи бештар дар ҷанг мунҷар шавад”.
Дар баёнияи кобинаи Натонёҳу омадааст: “Имшаб бо куллиёти марҳилаи нахуст аз тавофуқи мубодалаи асирон мувофиқат кардем, ки ба мӯҷиби он, ҳадди ақал 50 нафар шомили зану кӯдак озод ва барои муддати 4 рӯз набард мутаваққиф хоҳад шуд”.
Кобинаи саҳюнистӣ афзудааст: “Давлати Исроил, артиш ва нерӯҳои амниятии исроилӣ ба ҷанг барои бозгардондани ҳамаи асирон идома хоҳанд дод”.
Исмоил Ҳаниа, раҳбари Ҳамос низ пештар дар баёнияе эълом карда буд, ки “тавофуқи оташбаси муваққат” бо Исроил наздик аст.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, афкори умумӣ дар Исроил на танҳо кобинаи Натонёҳуро масъули шикаст аз муқовамати Фаластин дар амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-уми октябр медонанд, балки кобинаи Натонёҳуро масъули кушта шудани асирони исроилӣ дар Ғазза медонанд.