Дубайтиҳо аз Субҳӣ Ҷавҳаризода
Дар вуҷудам оташе афрӯхтӣ
Андар он оташ танамро сӯхтӣ
Мепарастам оташи ишқи туро
Гарчи бар ман сӯхтан омӯхтӣ!
* * * *
Ба парвоз аст сӯят тоири ман
Парешон ҳамчу мӯят хотири ман
Ту ёри меҳнатӣ, ман ёри ишқат
Равам з-ин рӯ ба кӯят нодири ман!
* * * *
Нигоҳат дил ба дил пайванд дорад
Ду зулфат сеҳри тақдирбанд дорад
Намеёбам раҳи аз он ҷудоӣ
Ки бахтам пои занҷирбанд дорад.
Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо