Эрон аз нақшаи Натонёҳу огоҳ гардид

Таҳлили хабарӣ

Эрон аз нақшаи Натонёҳу огоҳ гардид

“Эрон дасти Натонёҳуро хонд ва поси гол надод”

Мошоаллоҳ Шамсулвоизин, таҳлилгари барҷастаи эронӣ, дар бораи ҳамаи эҳтимолоти пеши рӯйи Эрон ва Исроил гуфт.

Ба гузориши Фарорӯ ба нақл аз Эътимод, Мошоаллоҳ Шамсулвоизин дар мусоҳибае аз ҷумла гуфт:

“Танҳо фарде, ки мувофиқи густариши набард буд, Натонёҳу буд. Натонёҳу ваъдаи пирӯзии мутлақро ба афкори умумии Исроил додааст. Ҳатто коршиносони исроилӣ ҳам ба ин иддао хандиданд.

Натонёҳу эҳсос кард, на танҳо баданаи иҷтимоии кишварҳоро аз даст дода, балки тадовуми ин раванд рӯйи гуфтумони давлатҳо ҳам асар гузоштааст. Фишорҳои дохилии Исроил, хонаводаҳои асирон ва рақибони сиёсӣ ҳам вуҷуд дошт; ҳамаи ин гузораҳо боис шуд, Натонёҳу ба ин натиҷа бирасад, ки бояд ба манофеъи Эрон ҳамла карда ва омили Эронро вориди муъодила кунад.

Вуруди Эрон ба моҷарои ҷанг ба ҳар андоза, ки бошад, бидуни тардид боиси вуруди Омрико ба муноқиша мешавад. Муоҳидае миёни ду кишвар вуҷуд дорад, ки ҳар замон амнияти Исроил ба хатар биафтад, Омрико муваззаф ба вуруд дар муъодилаи ёдшуда ба нафъи Исроил аст. Натонёҳу қасд дошт, бо вуруди Омрико, пойи Урупо ва НАТО-ро ҳам ба мавзӯъ боз кунад ва барои худ дастовард халқ кунад.

Дар иртибот бо Эрон, бо задани як ҳадафи муҳим (консулгарӣ), эҳсоси Натонёҳу ин буд, ки Эрон билофосила вориди амал мешавад. Сардор Зоҳидӣ унсури муҳимме дар Сипоҳи Қудс маҳсуб мешуд ва ҳамла ба маркази диплумотики Эрон бисёр аҷиб буд. Мӯътақидам, сарлашкар Боқирӣ ба дурустӣ ин ҳаракатро ҷунуномез хитоб кард.

Нигоҳи Натонёҳу ин буд, ки Эрон сареъан вориди амал мешавад ва дар натиҷа Исроил аз бунбасти Ғазза хориҷ шуда ва ҷанг ҳам минтақаӣ мешавад. Бо минтақаӣ шудани муноқиша, Исроил нафаси роҳате мекашад ва фишорҳо байни кишварҳои НАТО ва Омрико тақсим мешавад. Эрон дасти Натонёҳуро хонд ва чунин поси голе ба ӯ надод.

Мӯътақидам, раҳбарони Эрон ба шиддат саҳнаи бозиро таҳти назар доранд ва бо контроли дақиқ иҷоза доданд муносиботи иртиботии марбут ба Омрико ва Исроил ҳамчунин Урупо ва Исроил ба шакли тозае буруз кунад ва омили Эрон ин фазои тозаро ба ҳам назанад. Мӯътақидам, Эрон ин амалро ҳушёрона ва мутолеашуда анҷом додааст.

Дар умури низомӣ, сабри истротежик ба ҳеч ваҷҳ ба маънои заъф нест. Иттифоқан ба маънои ҳушмандӣ ва ҳушёрӣ аст. Дар воқеъ Эрон дар ҳоли эҷоди фурсатборварӣ ва амиқтар кардани шикофҳои миёни давлатҳои Бойден ва Натонёҳу аст.

Ба назарам, ба зудӣ шоҳиди таҳаввулоти мусбате дар минтақа хоҳем буд. На Исроил дигар имкони ҳамлаи Рафаҳро дорад, на Омрико чунин иҷозае ба ӯ медиҳад. Фазои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳам мусоид нест ва бинобар ин вазъияти Ғазза ба самти навъе аз роҳи ҳаллҳои мавриди таъйиди фаластиниҳо дар ҳоли анҷом аст.

Тромп ҳам дар нахустин гуфтугӯҳои худ дар хусуси масоили минтақаи Ховари Миёна хостори поён додани Исроил ба ҷанг аст ва эълом карда, авзоъ ба зарари Исроил дар ҳоли ҳаракат аст. Дигар ҷиноҳе дар Омрико боқӣ намонда, ки нисбат ба рафторҳои Исроил мавозеъи мунтақидона надошта бошад.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ахлоқ ва ҳуқуқ дар ислом
Оҳиста ва равишманд

Матолиби пурбоздид