Тарбияти фарзанди шод

Тарбияти фарзанди шод

Нукоти ахлоқӣ ва тарбиятӣ

Падару модарҳо барои фарзандонашон зиндагии шодеро орзу доранд ва мехоҳанд фарзандашон шоду бонишот бошад.

Волидайн мехоҳанд фарзандашон аз зиндагӣ лаззат бибарад ва ҳеч мушкиле надошта бошад.

Кӯдакони шоду пурнишот дар зиндагии ояндаи худ, вақте бо мушкилот бархурд мекунанд, қавӣ ҳастанд ва ба суръат ба ҳоли хубашон бармегарданд.

Шодӣ коркарди муфиди мағзро низ афзоиш медиҳад.

Афроди шод, дар шуғл ва зиндагии муштарак муваффақтаранд.

Нуктаи муҳим инҷост, ки то худи шумо, ба унвони падару модар, шод набошед, наметавонед фарзанди шодеро тарбият кунед.

Гоҳе шӯхӣ кардан бо кӯдакон илова бар афзоиши шодӣ, оноҳоро дар касби муваффақиятҳои иҷтимоӣ дар оянда низ омода мекунад, чаро ки робитаи иҷтимоӣ дар онҳо рушд меёбад.

Замоне ки волидайн бо фарзандони худ шӯхӣ карда ва онҳоро механдонанд, дар ҷиҳати афзоиши тафаккури  халлоқонаву эҷодкорона ва низ пайдо кардани дӯстон ва мудирияти стрессу изтироб ба фарзандони худ кӯмак мекунанд.

Пас равобити наздиктар ва самимонатаре бо фарзандони худ барқарор кунед ва онҳоро бо чизҳои мутафовит ва мавзӯоти гуногун бихандонед.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истиқлоли таҷовузшуда – III
Сенотури омрикоӣ: “Донишҷӯён шабеҳи оятуллоҳҳо “Марг бар Исроил!” мегӯянд”

Матолиби пурбоздид