Ансоруллоҳи Яман ду нови омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Ансоруллоҳи Яман ду нови омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе аз се амалиёти низомии муваффақ хабар дод, ки яке аз онҳо амалиёти муштараки низомӣ буд.

Ба гузориши Алмасира, сартип ситод Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дақоиқе пеш дар баёнияе эълом кард: “Артиши Яман се амалиёти низомии муваффақ анҷом дод, ки яке аз онҳо амалиёти муштараки низомӣ буд.”

Ӯ афзуд: “Нерӯҳои мушакӣ, паҳподӣ ва дарёии Яман як амалиёти муштаракро дар баҳри Сурх иҷро карданд ва муваффақ шуданд киштии CONTSHIP ONO-ро бо диққат ҳадаф бигиранд.”

Мақоми аршади низомии Яман афзуд: “Киштии CONTSHIP ONO-ро дар баҳри Сурх ба далели ин ки ширкати молики он тасмими мамнӯъияти вуруд ба банодири режими саҳюнистиро нақз карда буд, мавриди ҳадаф қарор додем.”

Яҳё Сареъ идома дод: “Ҳамчунин 2 новшикани омрикоии USS Labon ва USS Cole ҳангоми убур аз минтақаи амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи мо ба самти шимоли баҳри Сурх, мавриди ҳадаф қарор гирифтанд ва теъдоде аз партобаҳо бо муваффақият исобат карданд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамла алайҳи Эрон – фурӯпошии иқтисоди ҷаҳонӣ
Wall Street Journal: “Гунбади Оҳанин”-и Исроил қодир ба дафъи ҳамлаи Эрон нест”

Матолиби пурбоздид