Бузургтарин фоҷиаи таърихи башар
Ба қалами Абдуманнон Шералӣ
Мо шоҳиди бузургтарин фоҷиа дар таърихи инсоният ҳастем, ки назираш дар таърих набудааст. Албатта, тӯли таърихи инсоният садҳо ва ҳазорҳо чунин қатлиомҳое сурат гирифта буданд, ки гоҳо як қавм комилан сар бурида ва ё ҳатто сӯзонида мешуданд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онҳоро бо фоҷиаи Фаластин ва билхусус Ғазза муқоиса кард. Дар он фоҷиаҳо як қавм мазлуму мақтул ва қавми дигаре қотил будаанд ва гоҳо шумори қавмҳои ҳар ду тараф каме бештар буда. Яъне қотил, золим, гунаҳкор ва дар натиҷа посухгӯи ҷиноят танҳо як ё ду қавм буда ва бақияи қавмҳои курраи Замин на танҳо даст надошта, балки шояд аслан ҳеҷ хабаре аз он қатлиомҳо надоштаанд. Агар ҳам хабар меёфтанд бо гузашти моҳҳову солҳо ва умдатан баъди поёни пурраи фоҷиа.
Аммо фоҷиаи Ғазза пеши чашмони кулли инсоният – ҳамаи 8 миллиард сокини он рух медиҳад ва ҳамаи ин 8 000 000 000 нафар дар он мустақиман ва ғайримустақим даст доранд. Ва аксари кулли онҳо, (шояд 99,9 дарсад) ба ҳайси қотил, силоҳтаъминкунандагони қотил, кӯмаккунандагони молии қотил, дастгирони иттилоотии қотил ва билохира беэътиноён ба бузургтарин ҷинояти башарӣ назди Худованд ва таърих посухгӯ хоҳем буд. Билхусус мусалмонон. Беэътиноӣ ба ҷиноят ва накӯшидан то ҳадди имкон барои боздоштани он тибқи ҳар қонуне, чи илоҳӣ ва чи инсонӣ ҷиноят аст.
Аз як тараф, ҳар нафар аз ин 8 млрд метавонад бо пахши 2-3 тугмача ва сарфи чанд дақиқа кулли фоҷиаро бо чашмони сар мушоҳида кунад ва аз тарафи дигар, ҳар нафар боз ҳам бо пахши чанд тугмача дар кӯмак ба золим ва ё мазлум саҳм гирад.
Аммо чаро аксарияти кулли инсоният ё дар гурӯҳи тарафдорони золим қарор гирифтааст ва ё дар гурӯҳи бетарафон?
Аз ҷумлаи “аъзои” гурӯҳи бетарафон худи банда будам, ки сабабашро дар навиштаи қаблӣ каме шарҳ дода будам, аммо ҳеҷ сабабу баҳона ё шояд баҳонаҷӯии ман аз ҷиноят ва ҷазоям кам намекунад. Ва аз ҳеҷ нафари дигаре ҳам.
Достони ҳамон парандаеро, ки бо минқораш рӯи оташи Намруд об мерехт ёд доред? Акнун тасаввур кунед агар он паранда танҳо набуд ва ҳазорону миллионҳо ҳамтояш бо об дар минқор ба он оташ ҳамла мекарданд чӣ мешуд…
Банда ҳам ҳар гоҳ аз дидани ҳаводиси Ғазза дилтанг мешудам ва виҷдону имонам мегуфт бояд коре анҷом диҳам, ин баҳонаро пеши виҷдону имон меовардам, ки “хуб ман ҷуз навиштан чи коре метавонам анҷом диҳам? Ва агар навиштам он навиштаи ман бо тоҷикӣ ва ё ҳатто русӣ чӣ чизеро иваз мекунад, вақте 200 миллион араб дар ҳамсоягии Ғазза ҷуръат надоранд чӯбаке ба самти Ироил партоб кунанд? Вақте ҳокимони мусалмоне, ки ҳама қудрат дасташон аст ҷониби золиманд? Вақте бузургтарин уламои исломӣ ҷуръат надоранд ҳарфе бизананд ва гоҳо ҳатто ба нобудсозии муҷоҳидин фатво медиҳанд?”
Бояд мисли он паранда бо вуҷуди донистани ин ки оби бурдаи ман ҳатто ба оташ нарасида, аз гармии он дар фазо буғ мешаваду баръакс сӯи боло меравад, иқдом мекардам.
Дирӯз навореро дидам, ки фаластиние ба амузодаи кушташудааш мегуфт “ба Паёмбар (с) бигӯ, ки уммат моро дар ин мусибат раҳо кард!” Ӯ ҳатман рафту диду гуфт.
Мо ҳам рӯзе меравем ва бо ҳар фаластинӣ, ки раҳояш кардаем ва бо… Паёмбар (с) рӯбарӯ хоҳем шуд. Агар ӯ (с) лутф карду иҷоза дод, ки мо рӯбарӯяш қарор гирем… Ё агар рӯй аз мо натофт…
Абдуманнон Шералӣ
Қаламонлайн