Дар соли 2023 кадом кишвар пурҷамъияттарин хоҳад буд?

Дар соли 2023 кадом кишвар пурҷамъияттарин хоҳад буд?

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши СММ бо вуҷуди коҳиши рушди ҷамъият, Ҳинд дар соли 2023 бо пеш гузаштан аз Чин, пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон хоҳад шуд.

Ҳинд ҷамъияташро 1.38 миллиард тахмин зада, ки чизе камтар аз ҷамъияти 1.4 миллиардии Чин аст, ки Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст.

Ҷамъияти кураи замин рӯзи сешанбе ба 8 миллиард нафар расидааст.

Бар асоси гузориши Созмони Милал ҷамъияти Ҳинд ва Чин, бештар аз ҷамъияти як сеюми кулли ҷаҳон аст.

Рушди солонаи ҷамъияти Ҳинд аз соли 2011 ба таври мутавассит 1.2 дарсад гуфта шудааст, ин дар ҳолест, ки бар асоси омори давлати Ҳинд, ин кишвар даҳ сол пеш, рушди ҷамъияташ 1.7 дарсад будааст.

Интизори коҳиш дар рушди ҷамъияти Ҳинд вуҷуд дошт. Бар асоси гузориши давлати Ҳинд, ки моҳи гузашта ба нашр расид, сатҳи бордорӣ дар ҳар зан дар охирин арзёбӣ аз солҳои 2019 то 2021 аз 3.4 дар соли 1992 то 1993 ба 2 таваллуд коҳиш ёфтааст.

Давлати Ҳинд гуфтааст, ки афзоиши истифода аз пешгирӣ аз бордорӣ ва афзоиши омӯзиш дар миёни духтарон тавониста ба коҳиши сатҳи бордорӣ ва дар натиҷа, ба коҳиши ҷамъият дар ин кишвар кумак кунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Имзои санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон
Афроди дорои душаҳрвандӣ дар ҷанги Русия ширкат хоҳанд кард

Матолиби пурбоздид