Middle East Eye: “Натонёҳу мехост Ҳамосро нобуд кунад, аммо мумкин аст Исроил фурӯ бипошад”

Таҳлили хабарӣ
Middle East Eye: “Натонёҳу мехост Ҳамосро нобуд кунад, аммо мумкин аст Исроил фурӯ бипошад”
Таҳлили Middle East Eye
Пойгоҳи бритониёии Middle East Eye навиштааст: “Ба ҷойи таҳаққуқи руъёи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил барои аз байн бурдани ҷунбиши Ҳамос, инак ин Исроил аст, ки мумкин аст фурӯ бипошад. Натонёҳу дар ҳадафи эъломшудаи худ барои ҳазфи комили ҷунбиши Ҳамос шикаст хӯрд.”
Дэвид Ҳерст (David Hearst), нависанда ва сардабири пойгоҳи бритониёии Middle East Eye, бо интишори мақолае хотирнишон кардааст, ҷанги Ғазза барои Исроил, қатъи назар аз ин ки як иштибоҳи муҳосиботӣ аст, як фоҷеаи ахлоқӣ ва низомӣ ҳам ҳаст, ки ба муқовамат доман мезанад ва шӯълаи хашмро дар ҳама ҷойи ҷаҳони араб шӯълавар мекунад.
Вай дар ин мақола, дар бораи монандиҳое миёни таҷовузгарии ваҳшиёна ба навори Ғазза ва ҳамла ба Бейрут дар соли 1982 ва қатли омми режими саҳюнистӣ дар он замон дар Лубнон навиштааст.
Ҳерст ҳамчунин дар мақолааш, ба нақши Ташкилоти худгардони Фаластин ба раҳбарии Маҳмуд Аббос ва Ҳусайн Ашшайх ва паёмадҳои коҳиши қобили таваҷҷӯҳи маҳбубияти он дар ҷараёни таҷовуз ба Ғазза пардохтааст.
Инак, матни комили ин мақола:
“Пас аз қатли омм дар ҳамалоти бисёр шадиди Исроил дар ҷараёни муҳосираи Бейрут дар июли 1982, Роналд Рейган, раисиҷумҳури вақти Иёлоти Муттаҳида, бо Менахем Бегин, нахуствазири вақти Исроил тамос гирифт ва хостори поён додан ба бомбборон шуд.
Раисиҷумҳури ҷумҳурихоҳи Вошингтун агар мехост, метавонист ҷангро мутаваққиф кунад ё ҳадди ақал ирсоли муҳиммот ва фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Исроилро ба ҳолат таълиқ дароварад.
Баровардҳо нишон медиҳад, ки теъдоди кушташудагони лубнонӣ ва фаластинӣ тайи чаҳор моҳ пас аз оғози таҳоҷум, 18085 нафар будааст, аммо дар ҷанги Ғазза теъдоди ғайринизомиёни кушта ё захмӣ, ба 49600 нафар расидааст.
Танҳо зарфи ду моҳ, Исроил ба ҳамон андоза мардумро куштааст, аммо дар дохили навори Ғазза вайронии бисёр бештаре нисбат ба ҷанги Лубнон эҷод кардааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони низомӣ, ки бо Financial Times мусоҳиба кардаанд, 68% сохтмонҳо аз сӯйи Исроил дар шимоли Ғазза вайрон шуданд, муъодили тахрибҳои ношӣ аз бомбборони муттафиқин дар Гамбург (75%), Келн (61%) ва Седнес (59%), аммо ин шаҳрҳо тайи ду соли бомбборон вайрон шуданд.
Сарзамини муқаддас
Бар хилофи муҳосираи Бейрут ё қатли омми урдугоҳҳои оворагон дар “Сабро ва Шатило” дар соли 1982, бомбборони Ғазза шаб ба шаб ба таври зинда аз Алҷазира пахш мешавад.
Миллионҳо араб наметавонанд саҳнаҳои ваҳшатнокро набинанд. Дар Умон, пойтахти Ӯрдун, як зани 91-сола ба писараш гуфт, ки аз хӯрдани ғизо ҷилави телевизион хиҷолат мекашад, зеро Исроил мардуми Ғаззаро дар ҳолати гуруснагӣ мекушад.
Муболиға нест агар бигӯем. Исроил дар ҳоли эҷоди қаҳтии ҷамъии иҷборӣ аст.
Дидабони ҳуқуқи башар, Исроилро ба истифода аз гуруснагии дастаҷамъӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ муттаҳам кардааст. Гуруснагӣ додан ба Ғазза ба унвони як сиёсати расмии кобинаи Исроил тавассути Мири Рего, вазири ҳамлу нақл, таъйид шуд. Вай дар ҷаласаи ахири кобина пурсид, ки оё гуруснагӣ додан бар раҳбарони Ҳамос низ таъсир мегузорад? Ҳамкоронаш билофосила ба ӯ ҳушдор доданд, ки гуруснагӣ додан, як ҷинояти ҷангӣ аст.
Ин тасовири фоҷеабор, на танҳо барои ин кобина, ё барои ҳар кобинаи исроилӣ дар оянда, балки барои ҳар яҳудии сокин дар ин сарзамин, паёмадҳои манфӣ дорад.
Шакке нест, ки нобудии Ғазза пояҳои ҷанге дигар ба муддати панҷоҳ солро поярезӣ мекунад. Наслҳои паёпайи фаластиниҳо, аъроб ва мусалмонон ҳаргиз бераҳмиро, ки имрӯз Исроил бо он навори Ғаззаро таҷзия мекунад, фаромӯш намекунанд. Ғазза, ки ба урдугоҳи бузурги паноҳандагон табдил шуда буд, дар ҳоли табдил шудан ба сарзамини муқаддас аст.
Ами Аялон дар гуфтугӯ бо Аарон Дэвид Миллер, таҳлилгари омрикоии мутахассис дар умури Ховари Миёна, гуфт: “Дар ҳоле, ки артиши Исроил пирӯзиро аз даричаи қудрати сахт мебинад – яъне муваффақият бо теъдоди афроди кушташуда ва аз байн рафтани зиндагии онҳо санҷида мешавад – Ҳамос пирӯзиро аз даричаи қудрати нарм мебинад – яъне пирӯзӣ бо мизони пирӯзӣ дар қалб ва зеҳни мардум санҷида мешавад.”
Исроилиҳо ҳамакнун ҳамон иштибоҳеро анҷом медиҳанд, ки фаронсавиҳо қаблан дар Алҷазоир муртакиб шуданд. Фаронсавиҳо байни солҳои 1954 то 1962 байни ним миллион то яку ним миллион алҷазоирӣ яъне 5 то 15% аз кулли ҷамъияти он замонро куштанд, бо ин тасаввур, ки бо анҷоми ин кор онҳо пирӯзӣ дар ҷангро тазмин мекунанд, аммо дар поёни ҷанг маҷбур ба тарки ин кишвар шуданд ва ба Алҷазоир истиқлол доданд.
Дар як назарсанҷӣ тавассути Халил Шиқоқӣ, ки ба хотири вобастагӣ ба Созмони озодибахши Фаластин ва адами ҳамроҳӣ бо ҷунбиши Ҳамос маъруф аст, мушаххас шуд, ки 72% аз афроде, ки дар посух додан ба ин пурсишнома ширкат карданд, мӯътақид буданд, ки кори Ҳамос дар ҳамлаи 7 октябр (оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”) дуруст буд. Ҳамчунин мушаххас шуд, ки 82% аз ҷамъияти каронаи Бохтарӣ аз он ҳимоят мекунанд.
Дар ҳамон замон, ҳимоят аз Ташкилоти худгардони Фаластин коҳиш ёфт, дар воқеъ, Шиқоқӣ бо назарсанҷии худ аз назароти мардум ба ин натиҷа расид, ки 60% онҳо инҳилоли Ташкилотро зарурӣ медонистанд.
Маҷмӯае аз таҳлилҳои мунташиршуда тавассути созмонҳои иттилоотии Иёлоти Муттаҳида низ ин афзоиши шадиди маҳбубияти Ҳамосро аз замони оғози ҷанг таъйид мекунад.
Сарнавишти иҷтинобнопазир
Бо ин ҳол, ҳастанд касоне, ки ҳанӯз хабаре аз тағйири ҳолу ҳавои мардум дар Ромуллоҳ дарёфт накардаанд, монанди Ҳусайн Ашшайх, ки ахиран барои ҷонишинии Маҳмуд Аббос ва дабирии кулли Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин номзад шудааст.
Ҳусайн Ашшайх дар мусоҳиба бо Reuters, ба Ҳамос ҳамла кард ва гуфт: “Ин Ҳамос аз соли 2008 то кунун панҷ ҷанг алайҳи Исроил анҷом додааст ва бо ба чолиш кашидани ишғолгарон ҳеч дастоварде надоштааст.”
Вай афзуд: “Ин ки бархе мӯътақид бошанд равиш ва рӯйкарди онҳо барои мудирияти даргирӣ бо Исроил, равиши хуб ё беҳтарин рӯйкард аст, қобили қабул нест.”
Вай идома дод: “Оё баъд аз ин ҳама куштор ва иттифоқоти талх, набояд барои ҳифозат аз мардуми худ ва ҳифозат аз ормони Фаластин, як арзёбии ҷиддӣ, содиқона ва масъулона анҷом диҳем? Оё замони он нарсидааст, ки ин даргирӣ бо ишғолгарони исроилиро мудирият кунем?”
Аз суханони Ҳусайн Ашшайх ин гуна бардошт мешавад, ки Ташкилоти худгардон дар садади ба даст гирифтани зимоми қудрат дар Ғазза аст.
Аммо Ҳусайн Ашшайх дар камтар аз ду рӯз. 180 дараҷа тағйири ҷиҳат дод ва аз ҳамлаи худ ба Ҳамос ақибнишинӣ кард, чаро ки аз ӯ пурсида шуд, раҳбари Фатҳ, ки дар назарсанҷӣ беш аз 3% касб накардааст, чӣ гуна метавонад аз ҷунбиши Ҳамос интиқод кунад, ки 48%-ро ба даст овардааст.
Ҳусайн Ашшайх дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира муддаӣ шуд, ки изҳороташ дар мавриди Ҳамос таҳриф шудааст ва бо асабоният гуфт: “Ташкилоти худгардони Фаластин аввалин касе аст, ки аз муқовамат дифоъ мекунад.”
Дар воқеъ, ҳамлаи Исроил ба Ғазза, вазъияти Ховари Миёнаро ҳамон тавр, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ваъда дода буд, тағйир дод, аммо на ба гунае, ки ба нафъи кобинаи ӯ ё ҳеч кобинаи оянда дар Исроил бошад.”
Middle East Eye
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Haaretz: “Исроил бохт; ба шикаст бояд эътироф кунад”
Паёми Яҳё Синвор ба раиси дафтари сиёсии Ҳамос

Матолиби пурбоздид