SpecialEurasia: “ДОИШ метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад”

Таҳлили хабарӣ

 

SpecialEurasia: “ДОИШ метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад”

Ахбори минтақа

Ozodi

Пойгоҳи таҳлилии “SpecialEurasia” моҳи августи соли ҷорӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки чолишҳои чашмраси дохилӣ ва хориҷӣ барои амнияти кишварҳо ва решадор шудани фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкани ДОИШ ва “ал-Қоида” метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад.

Муаллифони ин гузориш дар пайи таҳлили роҳбурдҳои мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон ба ин хулоса расидаанд, ки мушкилиҳои дохилие ба монанди саркӯбҳои сиёсӣ, ноустувории иқтисодӣ ва муноқишаҳои қавмӣ вазъро печидатар мекунанд. Тибқи ин таҳлил нақши Русия, Чин ва Ғарб ба унвони шарикони Тоҷикистон дар нигоҳдории субот бориз аст.

“Бо вуҷуди мушкилиҳои қобили таваҷҷӯҳ, иттиҳоди роҳбурдии Тоҷикистон аз ин кишвар ҳимояти лозим мекунанд. Ҳузури низомии Маскав ва сармоягузории иқтисодии Чин барои нигоҳ доштани субот нақши ҳаётӣ доранд. Аммо, барои ҷилавгирӣ аз танишҳои геополитикӣ Тоҷикистон ба он ниёз дорад то танаввӯи мушорикати худ бо кишварҳои ғарбиро бо диққат мудирият кунад. Шеваҳои иқтидоргароёнаи давлат дар бархурд бо ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабӣ мумкин аст ба таври нохоста афроди бештареро ба самти ифротӣ шудан бибарад…”, – гуфта шудааст дар ин гузориш.

 

Чашмандоз барои Тоҷикистон

Тибқи хулосаи муаллифон, барои муборизаи муассир бо терроризм Тоҷикистонро лозим аст бо бозигарони зикршуда муносибати баробар ба роҳ монад ва осебпазирии дохилиро аз байн барад. Муаллифон барои вазъи ояндаи Тоҷикистон се чамшандозро пешбинӣ кардаанд:

Чашмандози манфӣ, шиддат ёфтани бесуботии дохилӣ ва ифротгароӣ ба сабаби мушкилиҳои ҳалношудаи дохилӣ;

Чашмандози пӯёии геополитикӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо Русия, Чин ва Ғарб бо ҳадафи мубориза бо терроризм ва ҳимоят аз амният;

Чашмандози манфӣ, роҳандозии ислоҳоти муваффақи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки боиси бартараф кардани сабабҳои ифротгароӣ ва коҳиши таҳдиди терроризм мешавад.

Аммо, ба гуфтаи таҳлилгар аз Тоҷикистон ин таҳлил бархоста аз бофтори куҳнаи Тоҷикистон аст, ки вазъи воқеии мавҷудро тасвир намекунад.

“Вазъи мавҷуд ҳатман ба бесуботӣ намеорад, аммо ин ҳам истисно нест, ки гурӯҳҳои ифротӣ нуфузи худро тақвият бидиҳанд. Дар айни ҳол, бояд дар назар гирифт, ки дар дохили низом насли нави мансабдорони моил ба ислоҳот ҳузур доранд ва ин гурӯҳҳо бар марказҳои тасмимгир асаргузоранд. Аз ин рӯ, эҳтимоли ба вуҷуд омадани ислоҳоти шабеҳи Узбекистон аст, ки метавонад вазъро беҳбуд бахшад”, – мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш.

Номзади илмҳои сиёсӣ ва коршиноси арсаи амният дар Осиёи Марказӣ Сулаймон Шоҳзода мегӯяд, ки таҳлили “SpecialEurasia” робитаи сабаб ва натиҷаро нодида мегирад. Далели ӯ чунин аст:

Дар ин таҳлил ба омилҳои вайронгари хориҷӣ ишора шудааст, аммо на ба омилҳое, ки ба таври мустақим ва ғайримустақим онҳоро идора мекунанд. Дар миёни омилҳои хориҷӣ ман ба густариш ёфтани ҷаҳонишавӣ, ба вижа омилҳои вайронгари он ишора мекунам. Тоҷикистон дар ин замина хеле осебпазир аст.

Ҷаҳон дар ҳоли ниҳодзудоии (тахриби меъёрҳои ва ниҳодҳои мавҷуди сиёсӣ) равобити байналмилалист. Тавофуқи асри гузашта дар Потсдам коро нест. Ин барои кишварҳои кӯчак хатари бетардид дорад.

Равандҳои мавҷуд дар тавсеаи дохилии Тоҷикистон, ки ба ғайриниҳодӣ шудан майл доранд ба рӯшанӣ пояҳои иҷтимоии омилҳои дар гузориш зикршударо тақвият медиҳанд. Агар раванди ғайриниҳодӣ шудан идома ёбад, Тоҷикистон ба унвони давлат ҳамчунон дар хатар хоҳад буд.

Талош ва натиҷаҳо

Тоҷикистон соли 2016 Стратегияи миллии мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои солҳои 2016–2020 қабул кард. Ин санад баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии мардум, ҳифзи ҳуқуқи афрод, бартараф кардани сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ифротӣ шудани аҳолӣ, тақвият додани корҳои идеологӣ ва ғайраро дар назар гирифтааст. Аммо, тибқи омори ду соли ахир маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон дар инфиҷорҳои Русия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Утриш ва Ҳолланд гумонбар шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар дидор бо руҳониёни кишвар расман эълом кард, ки дар тайи 3 сол 24 шаҳрванди Тоҷикистон ба амалҳои террористӣ даст задаанд ё дар омода кардани дар даҳҳо кишвар гумонбар дониста шудаанд.

Ozodi

 Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Падидаи нодири нуҷумӣ, ки бори аввал Ибни Сино мушоҳида карда буд
Ятимов сафар ба Афғонистонро пурмуҳтаво хондааст

Матолиби пурбоздид