Ақл ва дил
“Дар руҳи инсон ду марказ ва ду конун мавҷуд аст, ки ҳар як аз ин ду манбаъ, як навъ фаъолиятҳо ва таҷаллиёти руҳӣ аст. Номи яке аз ин ду конун, ақл ё хирад ва номи он дигаре қалб ё дил аст.
Фикру андеша ва дурандешиву ҳисобгарӣ ва мантиқу истидлол ва илму фалсафа, аз таҷаллиёти конуни ақл аст. Ва баъзе дигар аз таҷаллиёти руҳӣ – монанди хостан ва шефта шудан ва орзу кардан ва ба ҳаракат овардан – аз конуни дил сарчашма мегирад.
Аз конуни дил ҳарорат ва ҳаракат бармехезад ва аз конуни ақл ҳидоят ва рӯшноӣ. Он кас, ки дили афсурда ва бехоҳиш ва бе умеду орзу дорад, мавҷуде сард ва беҳаракат ва ҷомид аст ва ҳеч гуна фаъолияте аз ӯ сар нахоҳад зад; ба марг наздиктар аст то ба ҳаёт. (Ва) он кас, ки аз нерӯи ақлу фаҳму тадбир бенасиб аст, монанди мошине аст, ки дар шаби торик дар ҳаракат аст ва фоқиди чароғ ва роҳнамост.
Гоҳе миёни ин ду конун тавофуқ ва ҳамоҳангӣ ҳосил мешавад; чизеро дил меписандад ва ақл ҳам хубии онро тасдиқ ва эътироф мекунад. Дар ин гуна маворид инсон дучори ишкол намешавад. Вале бисёр иттифоқ меафтад, ки ин тавофуқ ва ҳамоҳангӣ ҳосил намешавад, масалан дил чизеро меписандад ва шефта ва моил мешавад, вале ақли дурандеш ва ҳисобгар тасдиқ ва имзо намекунад ва ё он ки ақл хубии чизеро тасдиқ мекунад ва гувоҳӣ медиҳад, вале барои дил нописанд ва душвор аст.
Ин ҷост, ки кашмакаш ва танозӯъ байни қалб ва ақл дармегирад ва ин ҷост, ки афрод бо якдигар мухталиф мешаванд: баъзе фармони ақлро мепазиранд ва баъзе дигар фармони дилро…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Бист гуфтор)
Қаламонлайн