Густариши робитаҳои иқтисодӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон

Густариши робитаҳои иқтисодӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон

Ахбори минтақа

Вазири кишоварзии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ гуфтугӯ намуданд.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафари Эрон бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор, ки дар ҷараёни он бархе аз мутахассисон низ ҳузур доштанд, барномаи ду кишвар дар заминаи тавсиаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Зимни ин мулоқот, эълом шуд, зарфи семоҳаи аввали соли ҷорӣ, Тоҷикистон 20 трактори моделҳои мухталиф ва 88 дастгоҳи дигари таҷҳизоти кишоварзиро аз Эрон ворид хоҳад намуд.

Лозим ба ёдоварист, дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ, тиҷоати дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон, беш аз 81 миллон долларро ташкил додааст, ки ба гуфтаи коршиносон, ин матлаб, ҳикоят аз густариши равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии байни ду кишвар мекунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Орзуҳоямонро наздиктар кунем
Эҳсосотамонро маҳор кунем то ба шодию комёбиҳо бирасем

Матолиби пурбоздид