Дар ҷанг чӣ мешавад?

Дар ҷанг чӣ мешавад?

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Индира Ганди аз падараш, Ҷавоҳирлаъл Неҳру пурсид:

– Дар ҷанг чӣ мешавад?

Падараш дар посух гуфт:

– Маориф ва иқтисод хароб мешавад.

Индира гуфт:

– Пас аз фурӯпошии маориф ва иқтисод чӣ мешавад?

Падар посух дод:

– Ахлоқ вайрон мешавад.

Пурсид:

– Агар ахлоқ вайрон шавад, дигар чӣ мешавад?

Падар посух дод:

– Туро дар кишваре, ки ахлоқи он хароб шудааст, чӣ нигоҳ медорад? Одам метавонад дар ҳама гуна ҷомеа, ки дар он норасоии ғизоӣ, иқтисодӣ, камбуди фароғат ҳукмрон аст, якҷоя зиндагӣ кунад. Ба ҷуз набудани ахлоқ ва ақл; зиштию бадахлоқӣ ҳукмрон мешавад, урфу одат, қонун ва некӣ аз байн меравад, ҳама чиз ба қонуни ягонаи ҷангал мубаддал мешавад, ба ин васила зиндагии шоиста номумкин мегардад!

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳмад Масъуд: Ба расмият шинохтани толибон, баробар бо нобудии Афғонистон хоҳад буд!
Эътирофи дабири кулли Иттиҳодияи Араб: “Башшор Асад пирӯзи ҷанги Сурия аст!”

Матолиби пурбоздид