Дарсҳое аз зиндагии Нелсон Мондело

Таърих

Дарсҳое аз зиндагии Нелсон Мондело

  1. Нелсон Мондело 67 сол бо нажодпарастӣ дар Офриқои Ҷанубӣ мубориза кард.
  2. Ӯ 27 сол зиндонӣ шуд.
  3. Вақте аз зиндон озод шуд, аз мардум хост сафедпӯстонро бибахшанд ва интиқом нагиранд.
  4. Аз даруни зиндон ба сурати мукотибаӣ лесонси ҳуқуқи худро аз донишгоҳи Ландан гирифт.
  5. Ба мардум мегуфт: Агар мехоҳед бо мухолиф ба сулҳ бирасед, бояд бо ӯ кор кунед ва бо ӯ шарик шавед.
  6. Бовар дошт: сахттар аз тағйири ҷомеъа, тағйири “худ” аст.
  7. Дар паи шавкати фардӣ набуд.
  8. Эродҳо ва иштибоҳоти худро пинҳон намекард.
  9. Дар маросими таҳлифи раёсати ҷумҳурӣ аз зиндонбони худ Кристо Бранд ба унвони меҳмони вижа даъват кард.
  10. Мегуфт: то фақр аз миён наравад, озодӣ ҳаргиз ба даст намеояд.
  11. Мегуфт: Беҳтарин равиши шинохти як кишвар, шинохти вазъияти зиндонҳои он аст.
  12. Мегуфт: Вақте ба шахсе қудрати бепоён ва ғайри қобили маҳор медиҳед, бо ин амал як қудрат ҳам аз вай меситонед, ки он “қудрати адолат варзидан” аст ва аз ӯ ин гуна диктотур месозед.
  13. Ҳар чӣ аз ӯ таманно карданд, кондиди давраи дуввуми раёсати ҷумҳурӣ нашуд; фақат панҷ сол раиси ҷумҳур буд.
  14. Номи биюгрофии худро “Роҳи тӯлонии озодӣ” гузошт.
  15. Мӯътақид буд омӯзиш – муассиртарин равиши тағйири ҷаҳон аст.
  16. Аз 250 донишгоҳ ва муассиса ҷоизаи сулҳ ва дуктурои ифтихорӣ гирифт.
  17. Мегуфт: Маро бо муваффақиятҳоям насанҷед, балки бо теъдоди дафаъоте, ки суқут кардаму дубора бархостам, арзёбӣ кунед.

Манбаъ: Фесбук, сафҳаи шахсии доктор Насибулло Умаров

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кашфи шабакаи ҷосусии Исроил дар Эрон
Мадҳ дар адабиёти форсӣ

Матолиби пурбоздид