Дархости муҳимми Ҳамос аз уммати исломӣ

Дархости муҳимми Ҳамос аз уммати исломӣ

Ахбори байналмилал

Исмоил Ҳаниа дар паёме ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон гуфт, миллати Фаластин дар ҳоле ба истиқболи ин моҳи пурбаракат меравад, ки дар маърази фаҷеътарин ҷиноятҳо ва ҷанги наслкушӣ қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузори садо ва симои Эрон ба нақл аз Алмаёдин, Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, аз раҳбарон ва уламои уммати исломӣ хост, барои таваққуфи таҷовуз ба Ғазза, иқдомоти муассир анҷом дода ва кишварҳои ҳомии режими ишғолгарро таҳти фишор қарор диҳанд.

Вай ҳамчунин бар зарурати кӯмаки воқеӣ ба миллати Фаластин дар бахшҳои ғизоӣ, доруӣ ва маскан таъкид кард.

Ҳаниа дар бахши дигаре аз паёми худ талошҳои бештарро барои муҳокимаи режими ишғолгар, ошкор кардани ҷиноятҳояш ва инзивои сиёсӣ ва диплумотики онро хостор шуд.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мувофиқати сарони саҳюнист бо барномаи идомаи ҷанг
Хохоми аршади яҳудӣ: “Исроилро тарк хоҳем кард!”

Матолиби пурбоздид