Донишҷӯёни Қуръон

Донишҷӯёни Қуръон

Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)
Донишҷӯёни Қуръон се дастаанд:
Иддае Қуръонро сармояи касб қарор диҳанд, бад-ин васила ба дарбори подшоҳон роҳ ёбанд ва моле ба чанг оваранд, ё онро василаи кибру бузургӣ қарор диҳанд. Ва иддае дар калимоти қироати он зиёд диққат кунанд, аммо маъонии онро ба кор набанданд. Ва иддае ҳам Қуръонро дармони дардҳои (маънавии) худ қарор диҳанд, дар партави таъолими он шаб бедор, ва рӯз ташна бошанд, дар масҷидҳо намоз гузоранд, ва дар бистар камтар биёроманд. Инон сипари бало ҳастанд, ба баракати инҳо Худо душманро дафъ кунад ва борон биборад. Ба Худо! Ин тоифа дар миёни қориёни Қуръон, аз ёқути сурх ҳам камтаранд.
Дастҳо се қисм аст: дасти Худо (ки бахшанда) ва аз ҳама болотар аст, дасти каримон ва саховатмандон, ки дар рутбаи дуввум аст ва дасти гиранда, ки аз ҳама поинтар аст. Пас, ҳарчи битавонед, аз суол (гадоӣ ва пурсидан) худдорӣ кунед. Ба он Худое, ки ҷонам ба дасти Ӯст! Касе ки таноб баргирад ва дар доманаи ин дарра ҳезум ҷамъ кунад – ба қадре ки ду сари таноб ба ҳам нарасад – сипас онро дар бозор ба андаке хурмо бифурӯшад, беҳтар аст аз ин ки дасти гадоӣ пеши мардум бигушояд, чӣ бидиҳанд, чӣ маҳрумаш кунанд.
Бидонед, ки зулм се гуна аст: яке қобили омурзиш нест, дигарӣ қобили чашмпӯшӣ нест, ва севвум бахшиданӣ аст ва мутолиба намешавад. Аввал, ширк ба Худост, чун Қуръон фармуда: Худованд наёмурзад, ки касе ба Ӯ ширк оварад ва (боқии) гуноҳонро барои ҳар ки бихоҳад меомурзад. Дуввум, зулм ба бандагони Худост, ки уқубаташ бисёр сахт аст, корд задан ё шаллоқ задан нест, азобе аст, ки корду шаллоқ дар баробараш саҳл аст. Севвум, зулм ба хештан аст…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Миллати Фаластин бо силоҳи амрикоӣ кушта мешаванд
Ваҳдат дар Қуръони Карим

Матолиби пурбоздид