Дарвеши хуросонӣ

Адаб

Ду дарвеши хуросонӣ

Ҳикоёте аз Гулистон

Ду нафар дарвеши хуросонӣ бо ҳам ба сафар баромаданд. Яке аз онҳо марди заифу лоғаре буд, ки дар тамоми шабонарӯз фақат як бор хӯрок мехӯрд ва дарвеши дигарӣ, марди қавие буд, ки рӯзе се бор таом мехӯрд.

Ҳангоми сафар, бар дари шаҳре, он ду нафарро ба гумони ҷосусӣ боздошт карданд ва ҳардуро дар хонае зиндонӣ карданду дарҳояшро бастанд.

Маъмурон баъд аз ду ҳафта таҳқиқ, фаҳмиданд, ки онҳо бегуноҳ будаанд. Дарро боз карданд, аммо он касеро ки қавитар буд, диданд аз сахтӣ мурдааст ва марди лоғар солим нишастааст.

Мардум аз ин кор дар аҷаб монданд.

Ҳакиме он ҷо буд, гуфт: Агар бар хилофи инро медидам, тааҷҷуб мекардам. Зеро он касе, ки қавитар буд, ба сахтӣ тоқатнаоварда ва мурдааст, аммо ин марди лоғар, дар зиндагиаш сахтиҳои зиёдеро пушти сар гузошта ва хештандорию сабр доштааст, бинобар ин зиндаву солим мондааст.

Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро

Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад

В-агар танпарвар аст, андар фарохӣ

Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад.

(Манбаъ: Гулистони Саъдӣ, боби севвум, “Дар фазилати қаноат” – бознависии ҳикояти шашӯм)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хирад ва оянданигарии Нӯшервон
Бардошти кӯтоҳ

Матолиби пурбоздид