Дуои модар

Таърих

Дуои модар

Рӯзе ҳазрати Мӯсо (а) дар хилвати хеш аз Худой суол кард:

— Оё касе ҳаст, ки бо ман вориди биҳишт гардад?

Хитоб расид:

— Оре.

Мӯсо бо ҳайрат пурсид:

— Он шахс кист?

Хитоб омад:

— Ӯ марди қассобест дар фалон маҳалла.

Мӯсо пурсид:

— Метавонам ба дидани ӯ биравам?

Хитоб расид:

— Монее надорад.

Фардои он рӯз Мӯсо ба маҳаллаи марбут рафта, марди қассобро мулоқот кард ва гуфт:

— Ман мусофире гумкардароҳ ҳастам, оё метавонам шаберо меҳмони ту бошам?

Қассоб дар ҷавоб гуфт:

— Меҳмон ҳабиби Худост, лаҳзае биншин, то корамро анҷом диҳам, он гоҳ бо ҳам ба хона меравем.

Мӯсо бо кунҷковии вофире ба ҳаракоти марди қассоб менигарист. Дид, ӯ қисмате аз гӯшти рони гӯсфандро бурид ва ҳам қисмате аз ҷигари онро ҷудо кард ва дар порчае печид ва канор гузошт. Соате баъд қассоб гуфт:

— Кори ман тамом аст, биравем.

Сипас бо Мӯсо ба хонаи қассоб рафтанд. Ба маҳзи вуруд ба хона, рӯ ба Мӯсо карда, гуфт:

— Лаҳзае тааммул кун.

Мӯсо дид, қассоб сабадеро овард, ки дар он пиразане нишаста. Пиразанро бо меҳрубонӣ бардошт ва дасти муҳаббат бар сару сурати пиразан кашид, сипас бо оромиш ва сабру ҳавсала миқдоре ғизо ба ӯ дод ва дасту сурати ӯро тамиз кард ва хитоб ба пиразан гуфт:

— Модарҷон! Дигар коре надорӣ?

Пиразан гуфт:

— Писарам! Иншоаллоҳ, ки дар биҳишт ҳамнишини Мӯсо шавӣ.

Сипас қассоб пиразанро муҷададан ба ҷойи худ ниҳод ва пеши Мӯсо омад ва бо табассум гуфт:

— Ӯ модари ман аст ва он қадар пир шуда, ки маҷбурам аз ӯ ин гуна нигаҳдорӣ кунам ва аз ҳама ҷолибтар он ки ҳамеша ин дуоро барои ман мехонад, ки: иншоаллоҳ дар биҳишт бо Мӯсо ҳамнишин шавӣ. Чӣ дуое! Охир, ман куҷо ва биҳишт куҷо? Он ҳам бо Мӯсо!

Мӯсо лабханде зад ва рӯ ба қассоб кард ва гуфт:

— Ман Мӯсо ҳастам ва ту яқинан ба хотири дуои модар, дар биҳишт ҳамнишини ман хоҳӣ шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Султон Санҷар ва нороҳатии мардум
Фаромӯшшуда

Матолиби пурбоздид