Мамнуияти арзаи мошинҳои дизелӣ ва бензинӣ дар Аврупо
Ахбори ҷаҳон
Ба гузориши Паём, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар хусуси мамнуияти фурӯши мошинҳои нав, бо муҳаррикҳои бензинӣ ва дизелӣ аз соли 2035 ба тавофуқ расиданд.
Бино ба эъломи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои узв қонуни мамнуияти интишори карбон барои худравҳои шахсӣ ва тиҷории сабук то соли 2035-ро тасвиб кардаанд.
Тибқи ин қонун, худравсозон бояд то соли 2035 сатҳи тавлиди олояндаи диоксиди карбон дар худравҳои худро ба сифр бирасонанд.
Бинобар ин, фурӯши худравҳои ҷадид бо моторҳои сӯхти дохилӣ аз ҷумла бензинӣ ва дизелӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз таърихи мазкур мамнуъ хоҳад шуд.
Ҳамчунин аз соли 2030 мизони коҳиши интишори карбон дар худравҳои нав 55 дарсад хоҳад буд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн