Муҳаммад Юнус

Таҳлили хабарӣ

Муҳаммад Юнус раиси муваққати Банглодеш

(Донишномаи Википедиа)

Муҳаммад Юнус, зодаи 28 июни 1940, бонкдор, иқтисоддон ва раҳбари ҷомеаи шаҳрвандии Банглодеш аст, ки барои таъсиси Grameen Bank ва бонкҳои қарздиҳии хурд ва маблағгузории хурд, бо ҷоизаи сулҳи Нобел сарфароз гардонида шудааст. Вай раиси ҳукумати муваққати Банглодеш аз 6 августи соли 2024 интихоб шудааст.

Муҳаммад Юнус ва Бонки Грамен якҷоя, ба ҷоизаи сулҳи Нобел “барои талошҳояшон тавассути қарздиҳии хурд ҷиҳати эҷоди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ“ сарфароз гардонида шуданд.

Кумитаи Нобелии Норвегия гуфтааст, ки “то даме, ки гурӯҳҳои зиёди аҳолӣ роҳҳои баромадан аз фақрро пайдо накунанд, сулҳи пойдор ба даст оварда ғайримумкин аст” ва “дар байни фарҳангҳову тамаддунҳо Муҳаммад Юнус ва Бонки Грамен нишон доданд, ки ҳатто фақиртарин фуқаро метавонанд барои рушди худ ва тағири некӯаҳволии худ саъйу талош ба амал биоварад.”

Муҳаммад Юнус дар соли 2008 дар феҳристи маҷаллаи Foreign Policy дар шумораи 2 “Top 100 Thinker Global” дар қатори сад мутафаккири барҷастаи олам ҷой гирифтааст.

Муҳаммад Юнус худро ҳамчун як мудир нишон додааст, ки қодир аст дидгоҳҳоро ба манфиати миллионҳо на танҳо дар Банглодеш, балки дар бисёре аз кишварҳои дигар ба амал табдил диҳад. Қарзҳо ба мардуми камбизоат бидуни амнияти молиявӣ як фикри ғайримумкин менамуданд. Аз оғози хоксоронаи се даҳсола пеш, Муҳаммад Юнус, пеш аз ҳама тавассути Grameen Bank, қарзҳои хурдро ба як василаи ҳамешагии муҳим дар мубориза алайҳи камбизоатӣ тадил додааст.

Фаъолиятҳои сиёсӣ

Дар аввали соли 2006, Муҳаммад Юнус дар якҷоягӣ бо дигар аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла профессор Раҳмон Субҳон, додрас Муҳаммад Ҳабибурраҳмон, дуктур Камол Ҳусайн, Матиур Раҳмон, Маҳфуз Аннон ва Дебаприя Бҳаттачаря, дар як маъракаи номзадҳои ростқавл ва пок дар интихоботи миллӣ ширкат карданд.

Моҳи июли соли 2007 дар шаҳри Йоханнесбурги Африқои Ҷанубӣ, Нелсон Мандела, Граса Мачел ва Десмонд Туту гурӯҳи пешвоёни ҷаҳонро даъват карданд, ки “барои ҳалли баъзе мушкилоти сангинтарин дар ҷаҳон бо хиради худ, роҳбарии мустақиллона ва ҳамгироӣ барои муқобила бо он саҳмгузор бошанд”. Нелсон Мандела ҳангоми суханронии худ ба муносибати 89-умин солгарди худ аз таъсиси ин гурӯҳи нави “Пирон” хабар дод.

Ҳукумати Банглодеш рӯзи 11 январи соли 2011 баррасии фаъолияти Grameen Bank-ро эълон кард. Дар моҳи феврали ҳамон сол, чандин раҳбарони байналмилалӣ, ба мисли Мэри Робинсон, бо таъсиси шабакаи расмии тарафдорони маъруф ба “Дӯстони Грамен”, кӯшиш карданд, то аз Муҳаммад Юнус ва ҳайсияти он ҳимоят кунанд.

Мурофиаҳо

Мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Юнус маҷмӯаи як қатор мурофиаҳоест, ки сарвазири Банглодеш Шайх Ҳасина алайҳи Муҳаммад Юнус оғоз кардааст. Ӯ Муҳаммад Юнусро дар соли 2010 ба додгоҳ кашид ва дар ниҳоят ӯро аз Бонки Грамен хориҷ кард. Далели асосияш ин буд, ки барои идора кардани Бонк ҳоло ӯ пир шудааст ва наметавонад мудири бонке бошад, ки соли 1983 эҷод карда буд. Дар соли 2013, ӯ бори дуввум ба додгоҳ кашида шуд, зеро гӯё бидуни иҷозати зарурии ҳукумат даромад, аз ҷумла маблағи пулии ҷоизаи сулҳи Нобел ва фурӯши китобҳояшро гирифтааст.

Википедиа

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Wall Street Journal: “Гунбади Оҳанин”-и Исроил қодир ба дафъи ҳамлаи Эрон нест”
Муҳаммад Юнус раиси давлати муваққати Банглодеш таъин шуд

Матолиби пурбоздид