Омрико, дигар он Омрикое, ки дар зеҳнҳо буд нест

Таҳлили хабарӣ

Омрико, дигар он Омрикое, ки дар зеҳнҳо буд нест

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Омрико ва Исроил – ва куллан кишварҳои ғарбӣ – дар вақти ҷанг, ҳаргиз аз осебҳои худ намегӯянд ва ба шиддат пинҳон мекунанд ва замоне, ки шӯълаҳои ҷанг хомӯш мешавад, расонаҳояшон ба тадриҷ бозгӯ мекунанд, чун ба қавли маъруф, “офтобро бо доман намешавад пӯшид”. Бар хилофи кишварҳои ҷаҳони ба истилоҳ севвум, ки ибое аз ошкор кардани осебҳои худ ҳатто дар авҷи набард ва ҷанг надоранд.

Ҳамин алъон, гузоришҳои CNN ва низ Washington Post-ро аз осебҳои ворида ба таъсисоти Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар пойгоҳҳояш дар Ховари Миёна, яъне дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн, Аморот, Кувайт, Ироқ ва Урдунро дидам. Гузоришҳое аз забони мақомоти низомӣ ҳамроҳ бо тасвирҳои моҳвораӣ.

Боварнакарданист! Дар ин пойгоҳҳо чизе боқӣ намонда, Эрон зоҳиран ҳамаашро тахриб карда. Тибқи гузориши Washington Post, ҳудудуди 230 таъсисот дар пойгоҳҳои Омрико дар кишварҳои халиҷ доғун шудаанд. Дар Ироқ (Бағдод ва Иқлими Курдистон) дигар ҳеч сарбозе намонда, ҳама рафтаанд, ё ба Сурия ва ё ба Урдун ва ё худи Омрико.

Ба навиштаи Washington Post, бо ин вазъ, дигар баъид аст Омрико дар минтақа боқӣ бимонад, яъне ба маслиҳат ва манфиаташ нест.

Ба ҳар сурат, шакли минтақа баъд аз ин ҷанг, дигар қабл аз он нест, куллан тағйир кардааст. Омрико дигар он Омрикое, ки дар азҳон буд нест. Се қудрати дигар: Русия, Чин ва Эрон дар ҷаҳон қад алам кардаанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Эрон таъсисоти марокизи низомии Амрикоро нобуд кардааст
Панҷ дархости Қолибоф аз мардуми Эрон

Матолиби пурбоздид