Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Давлати шаҳид Раисӣ, давлати кор ва умед ва ҳаракат буд”
Ахбори байналмилал
Раҳбари Ҷ.И.Эрон соате пеш дар дидор бо давлати 13-ум (давлати шаҳид Раисӣ) гуфт:
“Давлати оқои Раисӣ, давлати кор, умед ва ҳаракат дар бахшҳои дохилӣ ва хориҷӣ буд. Агарчӣ ин унвонҳоро шояд эшон ё аъзои давлат ба кор намебурданд, аммо амалан ин ҷур дида ва фаҳмида мешуд. Воқеан эшон умедвор ва хушбин ба оянда буд, ҳақ ҳам бо эшон буд ва тасмим дошт бо ҳамкории шумо худашонро ба аҳдоф бирасонад.”
инчунин дар ин дидор Оятуллоҳ Хоманаӣ дар мавриди давлати Раисӣ гуфт:
“Шаҳид Раисӣ аҳли таъомул буд, аммо аз мавзеи иззат”
“Шаҳид Раисӣ дар сиёсати хориҷӣ ду хусусиятро эшон канори ҳам доштанд, ҳам аҳли таомул буд ва ҳам аҳли риояти иззатмандии кишвар ва миллат. Эшон бо фалон раиси ҷумҳури урупоӣ гоҳе як соату ним телефонӣ сӯҳбат мекарданд. Эшон аҳли таомул буданд, аммо аз мавзеи иззат, на ончунон тунд ва дуркунанда, ки равобит қатъ шавад ва на бехудӣ имтиёз додан ва даст пойин гирифтан”.
Қаламонлайн