Пайдову пинҳони музокироти Эрон ва Амрико
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи музокирот: “Омрикоиҳо ёвагӯӣ накунанд”
“Ин ки бигӯянд, ба Эрон иҷозаи ғанисозӣ намедиҳем, ғалати зиёдӣ аст”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, (сешанбе) ба муносибати маросими солгарди шаҳодати Сайидиброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла гуфт: “Сӯҳбати музокирот шуд, ман як тазаккуре ба тарафи муқобил бидиҳам. Тарафи омрикоӣ, ки дар ин музокироти ғайримустақим вориди сӯҳбат мешаванд, гуфтугӯ мекунанд, саъй кунанд ёвагӯӣ накунанд”.
Вай афзуд: “Ин ки бигӯянд, мо ба Эрон иҷозаи ғанисозӣ намедиҳем, ин ғалати зиёдӣ аст. Касе мунтазири иҷозаи ину он нест. Ҷумҳурии Исломӣ сиёсате дорад, равише дорад, сиёсати худашро таъқиб мекунад”.
Раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт: “Албатта дар як муносибати дигаре, ба миллати Эрон тавзеҳ хоҳам дод, ки иллати ин ки инҳо рӯйи ғанисозӣ такя мекунанд чист, чаро ин қадар тарафҳои ғарбӣ ва омрикоӣ ва дигарон исрор доранд, ки бояд дар Эрон ғанисозӣ набошад. Инҳоро иншоаллоҳ дар як муносибати дигаре боз мекунам барои миллати Эрон, ки бидонанд тараф, нияташ чист”.
Қаламонлайн