Паёми таслиятии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҷалолиддин Маҳмуд

Паёми таслиятии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҷалолиддин Маҳмуд

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба муносибати даргузашти Ҷалоддин Маҳмуд, ки аз фаъолон ва муассисини ин ҳизб буда ва ахиран дар зиндон дагузаштааст, паёми таслиятии худро расонаӣ кардааст.

Матни паём:

Таслияти ҲНИТ ба муносибати шаҳодати Ҷалолиддини Маҳмуд дар зиндон
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хабари даргузашти Ҷалолиддини Маҳмуд (мутаваллиди 15.02.1960), узви РО ҲНИТ ва собиқ узви КМИР, дар зиндон сахт андуҳгин ва ғамгин аст.
Ҷалолиддин Маҳмуд (63 сол дошт) яке аз собиқадорони ҳизб аст, ки дар тули фаъолияти худ дар чандин мақомҳои баланди ҳизбӣ хидмат кардааст. Марҳум узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсӣ буд ва ҳамчунин ба унвони муовини раиси ҳизб, баъдан мушовири раиси ҳизб ва раиси шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияҳои тобеъи марказ фаъолият кардааст. Ӯ яке аз аъзои фаъоли баландпояи ҳизб буд, ки дар тармими тасмимоти муҳимми ҳизбӣ нақши ӯ намоён буд.
Марҳум Ҷалолиддин дар расидан ба сулҳу суботи кишвар нақши муҳим дошт ва инак дар зиндон барои ҳифзи арзишҳои динӣ ва манофеъи миллӣ ҷоми шаҳодатро чашид. Ӯ ба унвони раиси Комиссияи назорат бар оташбас аз тарафи мухолифин дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият кардааст ва яке аз мухолифини авал буд, пеш аз сулҳ бо вуҷуди ҳама рискҳо ва хатарҳо ба Тоҷикистон баргашт, то дар кишвар оташбас ва қатъи ҷангро назорат бибарад. Марҳум чандин сол ба ҳайси узви КМИР низ кор карда буд.
Ҷалолиддини Маҳмуд дар таърихи 15-уми феврали соли 1960 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ҳисор дар хонаводаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Падараш, мулло Бурҳониддин моҳи январи соли 1993 бо дасти ҷангҷӯёни “Фронти Халқӣ” ба шаҳодат расида буд.
Марҳум Ҷалолиддин як инсони шариф, ҳақҷу ва ҷонфидо буд, ки на танҳо умри худро барои хидмат ба Ватан ва ҳифзи арзишҳо эсор карда буд, балки дар ин роҳи мубориза ва озодӣ дар зиндон ҷоми шаҳодатро нушид.
РО ҲНИТ ин мусибати дарднокро хидмати хонаводаи ӯ ва тамоми аъзову ҷонибдорони ҳизб таслият гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум орзуи мағфирату омурзиш ва барои бастагонаш сабру шикебоӣ хоҳон аст.
Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод.
РО ҲНИТ
13.08.2023
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гуруҳи Вагнерро чӣ интизор аст?
Дар баробари доишӣ шудани тоҷикон ҷомеа чӣ масъулияте дорад?

Матолиби пурбоздид