Росел ва Худо
Худо дар шинохти Росел
Ин ки дар Урупо (баъд аз реннесанс) рӯшанфикрон ва бештари донишмандонаш ба Худо ва дин пушт карданд, агар шумо китобҳои онҳоро бо диққат мутолеа кунед ва дидгоҳҳо ва назароташонро баррасӣ кунед, мебинед, решаи ин таҳаввул дар онҳо дар ду чиз хулоса мешавад: яке, дар тасаввуре, ки аз Худо дар он муҳит ироа мешуда ва дигар, дар тафсири ин донишмадон аст аз инсон. Яъне, барои онҳо на Худо дуруст фаҳм шуда ва на инсонро ба таври шоиста ва бояд шинохтаанд.
Бетронд Росел (Bertrand Russell, 1872-1970), бе шак аз файласуфони номдор аст, аммо вақте Худоро инкор мекунад, бибинед, тасаввураш аз Худо чист? Яъне, Худое, ки пеши вай агар қарор аст бошад, чӣ Худоест. Ӯ мегӯяд:
“Агар ман муддаӣ мешудам, ки дар манзумаи шамсӣ миёни Замин ва Миррих як қурии чинӣ (фарфоровый чайник) гирди хуршед мегардад, ҳеч кас қодир набуд муддаои маро радд кунад агар дар идома бигӯям ин қурӣ он қадр кучак аст, ки ҳатто бо қавитарин телескопҳо ҳам қобили дидан нест. Аммо агар то он ҷо пеш мерафтам, ки мегуфтам чун муддаои ман ибтолнопазир аст ва ҷоиз нест ақли башар ба он шак кунад, ба дурустӣ ба ёвагӯӣ муттаҳам мешудам. Бо ин ҳол, агар вуҷуди ин қурӣ дар китобҳои қудамо таъйид шуда буд ва онро ҳақиқате қудсӣ шумурда ва ҳар якшанбе дар калисо дар бораи он ба панду мавъиза мепардохтанд ва дар мадорис онро ба зеҳни кӯдакон фурӯ мекарданд, тардид дар вуҷуди он, нишонаи номутаораф будан талаққӣ мешуд ва шахси шаккокро дар асри равшангарӣ ба назди равонпизишк ва дар давраи пеш аз он, ба “додгоҳи тафтиши ақоид” мефиристоданд.” (Bertrand Russell: Is There a God?)
* * *
Ду нукта дар бораи ин гуфтор қобили ёдоварист:
1) Нуктаи аввал он ки: ин сухан худаш нишон медиҳад, ки Худое, ки Росел дар садади инкори он аст, Худое аст, ки калисо муаррифӣ мекарда ва дар муҳити ӯ ин тасаввур шойеъ ва роиҷ буда. Яъне, Худое, ки дар он муҳит дар зеҳнҳо тасвир мешуда ва шахси шаккок дар ӯро ба назди равонпизишк ва пеш аз он ба “додгоҳи тафтиши ақоид” мефиристодаанд, мавҷуде будааст, ки агар қарор аст бошад, бояд ё маҳсус бошад ва ё агар номаръист бояд қобили исбот бо равиши илмӣ ва таҷрибӣ бошад. Ва касе ҳам, ки билфарз дар бораи вай шакк кунад, шакки ӯ ношӣ аз ин аст, ки ӯ дар ҳоли талош барои ҷустуҷӯи он мавҷуд аст, вале ҳанӯз натавониста нишонаҳое аз ӯ пайдо бикунад. Ва калисо ҳам, ки вуҷуди он Худоро ибтолнопазир медонистааст ва ҳар рӯз ба қавли Росел, “дар мадорис онро ба зеҳни кӯдакон фурӯ мекарданд”, якчунин мавҷуди мармузе будааст, аммо номаръӣ.
Ҳоло шумо ин тасаввурро бо таърифе, ки дар Қуръон ва ривоёти исломӣ аз Худо шуда, муқоиса кунед!
2) Нуктаи дуввум он ки: мушкили Росел ва амсоли вай ин аст, ки инҳо илм (огоҳӣ)-ро мунҳасир дар огоҳиҳои ҳусулӣ медонистаанд. Тавзеҳ он ки: огоҳиҳои мо инсонҳо ду гуна ҳастанд: ҳузурӣ ва ҳусулӣ. Огоҳии ҳузурӣ он аст, ки миёни олим (огоҳ) ва маълум (чизе, ки ба он огоҳӣ пайдо кардааст) ҳеч воситае нест. Масалан, огоҳии инсон ба худаш ва ё огоҳии ӯ ба ҳолатҳои нафсонияш, ҳама аз ин навъанд. Вақте ман аз худам огоҳам, худам пеши худам ҳузур дорам. Вақте эҳсос мекунам, ки гурусна ҳастам, ин эҳсоси гуруснагӣ пеши худам ҳозир аст. Вале дар огоҳии ҳусулӣ, миёни олим ва маълум восита ҳаст. Ҳамаи огоҳиҳои мо инсонҳо аз ҷаҳони берун, огоҳии ҳусулӣ аст. Вақте шумо дарахтеро мебинед, ин маълум (дарахт) пеши шумо худаш ҳузур надорад, балки сурате аз он пеши шумо ҳузур дорад ва шумо аз тариқи ин сурат ба он огоҳ мешавед. Яъне, нуре аз чашмонатон берун мешавад ва ба як чиз бармехӯрад ва он гоҳ суратгирӣ мекунад. Он чи пеши мо ҳузур дорад, сурати дарахт аст, на худи дарахт. Инро мегӯянд, илми ҳусулӣ.
Ҳол, фарз кардем, мо инсонҳо аз роҳи илми ҳусулӣ (ки ҳамаи ёфтаҳои ақлӣ ҳам аз ҳамин навъ аст), муваффақ ба огоҳӣ ба Худо нашудем (ки албатта мешавем, аммо ҳоло фарзро бар ин бигирем), хуб, дар ин сурат, оё метавон огоҳии ҳузурӣ ба Худоро низ мункир шуд?
Донишмандони исломӣ бахусус урафо, вақте дар бораи Худо сӯҳбат мекунанд, муродашон он нест, ки аз тариқи илми ҳусулӣ ба он пай бурда бошанд. Ҳаргиз! Балки манзурашон ин аст, ки мо Худоро ҳузуран меёбем, чунон ки ба худамон ва ба ҳолоти нафсонии худ огоҳем. Ин ки дар ислом гуфта мешавад, ки “Ҳар ки худашро шиносад, Худояшро ҳам мешиносад”, манзурашон илми ҳусулӣ нест. Балки илми ҳузурӣ аст, ки дар он миёни олим ва маълум ҳеч воситае нест, балки айни маълум пеши онҳо ҳузур пайдо мекунад ва онҳо ӯро меёбанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн