Саломӣ: Исроил дар ҳоли фурупошист
Ахбори ҷаҳон
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Режими саҳюнистӣ дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва нишонаи боризи он низ буҳронҳои дохилии ин режим аст.
Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ имрӯз ҷумъа дар маросими Рӯзи Ҷаҳонии Қудс дар майдони Нақши ҷаҳони Исфаҳон, бо ишора ба заъфи Исроил дар рӯёрӯӣ бо муқовимати Фаластин гуфт: Режими саҳюнистӣ дар ҳоли завол аст ва ин режим маҷбур шудааст, саҳюнистҳоро аз тарси қиёми мардуми Фаластин аз масҷиди Алақсо дур кунанд.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи Эрон тасреҳ кард: Тасаллути режими саҳюнистӣ (Исроил) бар мудирияти ҷомеъа аз ҳам гусаста аст ва ҳоло пас аз талоши мунҷар ба шикасти онҳо барои зарба задан ба амнияти Эрон, бо буҳрони дохилии мувоҷеҳ ва инзивои байналмилалии онон ҳувайдо аст.