Суханони фошшудаи Натонёҳу дар ҷаласаи хусусӣ дар бораи посух ба ҳамлаи Эрон
Байналмилал
Farsnews
Як навори савтӣ аз Натонёҳу дар як ҷаласаи хусусӣ бо аъзои низомӣ ва иттилоотии режими саҳюнистӣ мунташир шуда, ки ӯ матолиби қобили таваҷҷӯҳеро дар бораи посух ба ҳамлаи мушакии Эрон мегӯяд.
Натонёҳу мегӯяд: “Ҳамалоти Эрон боис шуд, ки убуҳат ва боздорандагии мо аз байн биравад, ночорем ба Эрон посух бидиҳем ва албатта бояд мулоҳизае, ки дар ҷаласа баён шуд, мадди назар бошад, агар натавонем посух ба ҳамлаи Эрон бидиҳем, ҳаҷми тарс дар дохили кишвар бештар мешавад ва ин хатарнок аст. Мо намехоҳем дохили кишварамон аз ин нобасомонтар бишавад ва вазъ аз ин бадтар шавад.”
Ӯ идома медиҳад: “Мо барои посух ба Эрон ду масъаларо бояд дар назар бигирем: аввал ин ки посух бояд сатҳӣ бошад, то Эрон ҳамлаи муҷаддад накунад. Фақат бояд ҳамла иттифоқ биафтад, ҳоло ин ҳамла метавонад як ҷойе сатҳӣ бошад. Дуввум ин ки ин ҳамла бояд дар расона бузургнамоӣ шавад ва бузург ҷилва дода шавад, то таъсири расонаӣ бигузорад.”
Натонёҳу тасреҳ мекунад: “Аммо муҳимтар аз инҳо кори расонаӣ аст, бояд қабл аз амалиёти мо алайҳи Эрон, тарс дар Эрон ҳоким шавад, мушобеҳи коре, ки Эрон бо мо кард, ки боис шуд фурӯшгоҳҳо холӣ шавад ва мардуми мо нигарон аз вазъият шуданд, ин иттифоқ бояд дар Эрон биафтад ва нигаронӣ дар Эрон ҳоким шавад.”
Farsnews
Қаламонлайн