Суханони ӯ худ беҳтарин далел бар ҳаққонияти ӯст

Таърих
Суханони ӯ худ беҳтарин далел бар ҳаққонияти ӯст
Иршод
Яке аз беҳтарин роҳи исботи ҳаққонияти паёмбар ҳазрати Муҳаммад (с), диққат ва таъаммул дар суханон ва гуфтори ӯст. Яъне, ниёз нест шумо барои ҳаққонияти он ҷаноб (с), далел аз берун барпо созед, балки ҳамин ки инсон боинсоф ва руҳу равонаш олуда набошад, кофӣ аст ба гуфтори он ҳазрат (с) диққат кунад, ки хоҳад ёфт, ин ҷумлаҳо ва ин суханон, маҳол аст аз сӯйи инсоне содир шуда бошад, ки на навиштан медонад ва на хондан ва тоза, дар муҳите бузург шудааст, ки бӯйе аз фарҳанг надошт. Инҷост, ки беихтиёр мисли Ҳофиз хоҳад гуфт:
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.
Инак, чанд ҷумлаи он ҳазрат (с):
* Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад.
* Худо онро, ки дар дуо исрор варзад, дӯст дорад.
* Худо мардуми нексират ва гумноми парҳезгорро дӯст дорад.
* Худо мӯъмини косибро дӯст дорад.
* Худо дили андӯҳнокро дӯст дорад (дар сурате ки андӯҳаш барои кори лағв ва гуноҳ набошад).
* Худо корҳои некӯ ва шарифро дӯст дорад ва умури паст ва беарзишро хуш надорад.
* Худо дӯст дорад, аз ҳалоли ӯ истифода кунанд, чунон ки дӯст дорад, ҳаромро вогузоранд.
* Худо барои мусалмон ғаюр аст, ӯ ҳам бояд ғайратманд бошад.
* Худо гоҳе ин динро ба дасти марди бедине таъйид мекунад.
* Худо ҳаё мекунад дастеро, ки ба ҷониби Ӯ бардоштаанд, холӣ баргардонад.
Сайидюнус Истаравшанӣ 
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъсири ҷараёни гардишгарӣ бар тақвияти равобити Эрон ва Осиёи Марказӣ
Ҳодисаи Карбало (3)

Матолиби пурбоздид