Таълиму тарбият дар ислом – II
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши дуввум
Милок, зиёд устод дидан нест
Дар миёни уламо афроде, ки хеле устод дидаанд, ман ба инҳо ҳеч эътиқод надорам… Масалан мегӯянд, фалон кас 30 сол ба дарси марҳум Ноинӣ рафта ё 25 соли пай дар пай дарси оқо Зиёро дида. Олиме, ки 30 сол ё 25 соли умр яксара дарси ин устод ва он устодро дида, ӯ дигар маҷоли фикр кардан барои худаш боқӣ нагузошта; доиман мегирифта, тамоми нерӯяш сарфи гирифтан шуда, дигар чизе намонда барои он ки бо нерӯи худаш ба матлабе бирасад.
Мағзи инсон, дуруст ҳолати меъдаи инсонро дорад. Меъдаи инсон бояд ғизоро аз берун ба андоза бигирад ва бо тарашшуҳоте, ки худаш рӯйи ғизо мекунад, онро бисозад. Ва бояд меъда ин қадр озодӣ ва ҷойи холӣ дошта бошад, ки ба осонӣ битавонад ғизоро зеру рӯ кунад, асидҳо ва шираҳоеро, ки бояд, тарашшуҳ намояд ва бисозад. Вале меъдае, ки мураттаб бар он ғизо таҳмил мекунанд ва то он ҷо, ки ҷо дорад, ба он ғизо медиҳанд, дигар фароғат, фурсат ва имкон барояш пайдо намешавад, ки ин ғизоро дуруст ҳаракат бидиҳад ва бисозад. Он вақт мебинед аъмоли гуворишӣ ихтилол пайдо мекунад ва амали ҷазб ҳам дар рӯдаҳо дуруст анҷом намегирад.
Мағзи инсон ҳам қатъан ҳамин ҷур аст. Дар таълиму тарбият бояд маҷоли фикр кардан ба донишомӯз дода бишавад ва ӯ ба фикр кардан тарғиб гардад.
Мо дар миёни устодҳои худамон, он устодҳоеро медидем ибтикор доранд, ки зиёд муаллим надида буданд. Шайх Ансорӣ, ки яке аз мубтакиртарини фуқаҳои 150 соли ахир аст, аз тамоми уламои феълӣ камтар устод дида, яъне давраи устод диданаш бисёр кам будааст. Талабае буд, ки рафт Наҷаф. Мухтасаре устодҳои Наҷафро дид. Баъд худаш роҳ афтод дунболи устодҳои мутанаввеъ. Рафт Машҳад, муддате дар Машҳад монд. Хеле написандид. Ба Теҳрон омад. Теҳрон ҳам хеле намонд, рафт Исфаҳон. Исфаҳон каме бештар монд. Оқо Сайид Муҳаммад Боқири Ҳуҷҷатул-ислом, дар ин шаҳр муаллими “Риҷол” буд. Дар фанни “Риҷол” чизҳое ёд гирифт. Баъд рафт Кошон. Се сол Кошон монд. Нароқиҳо Кошон буданд. Он ҷо аз ҳама ҷо бештар монд. Яъне ҳамаи давраи муаллим дидани ӯ агар ҳисоб кунед, ба 10 сол намерасад, дар сурате, ки дигарон 20 сол ва 25 сол ва 30 сол муаллим дидаанд. Оқои Буруҷердиро ағлаб эрод мегирифтанд, ки кам устод дида. Ва аз назари мо ҳуснаш ҳамин буд, ки хеле устод надида буд. Эшон ҳам кам устод надида буд, 10-12 сол устодҳои дараҷаи аввал дида буд, 7-8 сол Наҷаф ва 3-4 сол Исфаҳон устод дида буд. Вале наҷафиҳо қабулаш намекарданд, мегуфтанд, ин устод кам дида, масалан бояд 30 сол устод дида бошад. Ва ба ҳамин далел, ки камтар устод дида буд, ибтикораш аз ағлаби он уламо бештар буд, яъне фикр мекард. Масоиле, ки матраҳ карда, масоиле аст, ки худаш фикр мекард, чун маҷоли фикр кардан дошт.
Ба ҳар ҳол, хаёл намекунам ин масъала ҷойи тардид бошад, ки дар омӯзишу парвариш, ҳадаф бояд рушди фикрӣ додан ба мутааллим ва ба ҷомеа бошад. Таълимдиҳанда ва мураббӣ ҳар ки ҳаст (муаллим аст, устод аст, хатиб аст, воиз аст), бояд кӯшиш кунад, ки (ба мутааллим ва мутараббӣ) рушди фикрӣ яъне қувваи таҷзия ва таҳлил бидиҳад, на ин ки тамоми ҳаммаш ин бошад, ки доим биёмӯзед, фаро гиред ва ҳифз кунед. Дар ин сурат чизе нахоҳад шуд. Тааққул ҳамон фикр кардан аст, нерӯи фикр кардани худи шахс аст, ки истинбот бикунад, иҷтиҳод бикунад, радди фаръ бар асл бикунад.
Мафҳуми иҷтиҳод
Марҳум оқои Ҳуҷҷат як вақт ҳарфи хеле хубе дар боби иҷтиҳод зад, гуфт: иҷтиҳоди воқеӣ ин аст, ки вақте як масъалаи ҷадид, ки инсон ҳеч собиқаи зеҳнӣ надорад ва дар ҳеч китобе тарҳ нашуда, ба ӯ арза шуд, фавран битавонад усулро ба таври саҳеҳ татбиқ кунад ва истинтоҷ намояд, вагарна инсон масоилро аз “Ҷавоҳир” ёд гирифта бошад, муқаддима ва натиҷа (суғро ва кубро ва натиҷа) ҳамаро гуфтаанд, ӯ фақат ёд мегирад (ва мегӯяд) ман фаҳмидам соҳиби “Ҷавоҳир” чунин мегӯяд, бале ман ҳам назари ӯро интихоб кардам; ин иҷтиҳод нест, ҳамин коре, ки аксар мекунанд.
Иҷтиҳод, ибтикор аст ва ин ки инсон худаш радди фаръ бар асл бикунад. Ҳамеша муҷтаҳидҳо иддае аз муқаллидҳо ҳастанд, муқаллидҳое дар сатҳи болотар. Шумо мебинед дар ҳар чанд қарн як нафар пайдо мешавад, ки усулеро тағйир медиҳад, усули дигаре ба ҷойи он меоварад ва қоъидаҳои тозае (ибдоъ мекунад), баъд ҳамаи муҷтаҳидҳо аз ӯ пайравӣ мекунанд. Муҷтаҳиди аслӣ ҳамон яке аст, бақия муқаллидҳое ба сурати муҷтаҳид ҳастанд, ки аз ин муқаллидҳои маъмулӣ каме болотаранд. Муҷтаҳиди воқеӣ дар ҳар илме ҳамин ҷур аст. Дар адабиёт ин ҷур аст, дар фалсафа ва мантиқ ин ҷур аст, дар фиқҳ ва усул ин ҷур аст, дар физик ва риёзиёт ин ҷур аст. Шумо мебинед дар физик, як нафар меояд як мактаби физикӣ меоварад, баъд тамоми уламои физик тобеъи ӯ ҳастанд. Инро, ки мактаби ҷадиде меоварад ва мактаби қобили қабуле ҳам меоварад, ки афкорро тобеъи фикри худаш мекунад, бояд гуфт муҷтаҳиди воқеӣ.
Вале тафаккур бидуни таълиму тааллум имконпазир нест. Мояи аслии тафаккур, таълиму тааллум аст. (1) Ва ин ки дар ислом дорад, ки тафаккур ибодат аст, ғайр аз ин аст, ки тааллум ибодат аст. Ин, ду масъала аст. Мо яке дар боби таълиму тааллум дорем, ки таълим ибодат аст, тааллум ибодат аст ва яке дар боби тафаккур дорем, ки тафаккур ибодат аст ва он чи дар боби тафаккур дорем, бештар аст аз он чи ки дар боби тааллум дорем. Масалан:
أَفْضَلُ الْعِبادَةِ التَّفَكُّرُ
(2) ё:
لا عِبادَةَ كَالتَّفَكُّرِ
(“Ҳеч ибодате монанди тафаккур нест.” (“Амолӣ”-и Тӯcӣ, 1/145)) ё:
كانَ أَكْثَرُ عِبادَةِ أَبي ذَرًّ التَّفَكُّرَ
(“Бештарин ибодати Абӯзар тафаккур буд.” (Биҳор, 71/323)) ва дар ин замина албатта хеле (оят ва ривоят) ҳаст ва ин ғайр аз масъалаи тааллум аст. Дар тафаккур, гузашта аз натиҷае, ки инсон аз фикри худ мегирад, фикри худро рушд медиҳад. Дар Қуръон роҷеъ ба тафаккур ва тааққул, матлаби зиёд дорем. Лузуме ҳам надорад, ки бихоҳем оёти Қуръон дар ин заминаро ҷамъ кунем. Хеле маворид дорем, ки Қуръон даъват ба тафаккур ва тааққул кардааст.
Даъвати ислом ба таълиму тааллум
Ва аммо масъалаи дигар, масъалаи илм ва тааллум аст, ки ин дигар фарогирӣ аст, ки афрод аз якдигар фаро бигиранд. Хаёл намекунам ниёзе бошад, ки роҷеъ ба даъвати ислом ба таълиму тааллум баҳсе бикунем, зеро амри возеҳе аст. Бояд дар ҳудуди илми исломӣ ва таълимоти исломӣ баҳс кунем, ки он илме, ки ислом даъват мекунад, чӣ илме аст, вагарна ҳамин, ки дар аввалин оёти ваҳй мефармояд:
اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ. خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ عَلَقٍ. اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ. الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ. عَلَّمَ الْإِنْسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ
(“Бихон ба номи парвардигорат, ки ҷаҳонро офарид; ҳамон кас, ки инсонро аз хуни бастае халқ кард. Бихон, ки парвардигорат аз ҳама бузургвортар аст; ҳамон касе, ки ба василаи қалам таълим намуд…” (Алақ, 1-5)) беҳтарин шоҳид аст бар инояти фавқулъодаи ислом ба таълиму тааллум.
الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ
Қалам (мазҳари) савод ва навиштан аст.
Оёти дигар:
هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
(“Оё касоне, ки медонанд бо касоне, ки намедонанд мусовӣ (баробар) ҳастанд?” (Зумар/9))
وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ لِمَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا
(“Ва касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст гуфтанд: вой бар шумо! Савоби Худо барои касе, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом додааст беҳтар аст.” (Қасас/80))
Ҳамчунин Пайғамбари Акрам фармуд:
بِالتَّعْلیمِ أُرْسِلْتُ
(3) Ман фиристода шудам барои таълим. Дар он достони маъруф, ки вориди масҷидашон шуданд ва ду ҳалқаи ҷамъият диданд, ки дар яке мардум машғули ибодат буданд ва дар дигаре машғули таълиму тааллум, фармуд:
كِلاهُما عَلی خَیْرٍ وَلكِنْ بِالتَّعْلیمِ أُرْسِلْتُ
Ҳар ду, кори хуб мекунанд, вале ман барои таълим фиристода шудаам ва баъд худи ҳазрат омаданд дар он ҷамъе, ки машғули таълиму тааллум буданд нишастанд.
Ояти дигар:
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ
(“Ӯ (Худо) касе аст, ки дар миёни мардуми уммӣ расулеро аз худашон мабъус кард, то оёти ӯро бар онҳо бихонад ва ононро тазкия кунад ва китобу ҳикматро ба онҳо биёмӯзад.” (Ҷумъа/2))
يُزَكِّيهِمْ
— бештар ба парвариш мехӯрад ва марбут ба тарбият аст. Ва –
وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ
Ҳоло мақсуд аз китоб ҳар чи ҳаст, мутлақи китоб аст (ё Қуръон), билохира китобу ҳикмат бо якдигар тавъам шудааст. Ҳикмат, дарёфти ҳақиқат аст ва дар ин баҳсе нест. Баҳси ин ки чӣ ҳикмат аст ва чӣ ҳикмат нест, баҳси суғравӣ аст. Ҳар дарёфти ҳақиқатеро ҳикмат мегӯянд.
يُؤْتِي الْحِكْمَةَ مَنْ يَشَاءُ وَمَنْ يُؤْتَ الْحِكْمَةَ فَقَدْ أُوتِيَ خَيْرًا كَثِيرًا
(“Худо ба ҳар кас, ки бихоҳад, ҳикмат медиҳад ва касе, ки ба ӯ ҳикмат дода шуд, хайри фаровоне ба ӯ ато шудааст.” (Бақара/269))
Пас дар ин ҷиҳат, ки ислом ба таври куллӣ даъват ба таълиму тааллум кардааст, яъне ҳадафи ислом ва ҷузъи хостаҳои ислом олим будани уммати исломӣ аст баҳсе нест.
طَلَبُ الْعِلْمِ فَریضَةٌ عَلی كُلِّ مُسْلِمٍ
— аз мусалламоти аҳодиси набавӣ аст ва “муслим” дар инҷо хусусият надорад ва муқобили “муслима” нест. (4)
* * *
(1) Албатта мо тафаккурҳои ақлониро мегӯем ва ба масъалаи ваҳй феълан коре надорем.
(2) Дар “Кофӣ” (2/55) ба ин сурат аст:
أفْضَلُ الْعِبادَةِ إدْمانُ التَّفَكُّرِ فِي اللّهِ وَفي قُدْرَتِهِ
(“Бартарини ибодатҳо тафаккур дар бораи Худо ва қудрати ӯст.”)
(3) Биҳор, 1/206.
(4) Аслан сиғаи музаккар дар забони арабӣ барои хусуси мард вазъ нашуда. Сиғаи музаккар вақте, ки дар муқобили муаннас қарор бигирад, ихтисос ба мард дорад, вале вақте, ки муқобили муаннас қарор нагирад, маъмулан барои аъамм аст, мисли мавориде, ки дар Қуръон омада:
هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
(Зумар/9)) Оё дар инҷо мақсуд аз –
الَّذِينَ يَعْلَمُونَ
— ин аст, ки мардоне, ки медонанд ё касоне, ки медонанд? Маълум аст: касоне, ки медонанд. Ояти дигар:
أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ
(Сод/28) Сиғаҳо ҳама музаккар аст, вале дар тарҷума шумо чӣ мегӯед? Оё мегӯед: оё мардонеро, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом додаанд, монанди мардони муфсид қарор медиҳем?! Яъне ин ҷур занҳо аз ин баҳс хориҷ аст?
أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ
Оё чун “муттақин” сиғаи музаккар аст, пас занҳо хориҷ ҳастанд? Ё ин ки мақсуд касон аст. Ҳеч кас то ба ҳол эҳтимол надода, ки (маънии оят ин бошад, ки) мардони бо имон ва омил ба амали солеҳ бартаранд аз мардони муфсид ва вақте бипурсанд: оё занони мӯъмин ва омил ба салоҳ ҳам аз занони муфсид болотаранд ё на? Бигӯяд, Қуръон роҷеъ ба инҳо ҳукме зикр накарда.
Ҳамчунин оё тарҷумаи:
إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ
(Ҳуҷурот/13) ин аст, ки гиромитарини шумо мардон, ботақвотарини шумо мардонанд ва бинобар ин аз занон баҳсе нашуда? Ё “шумо” дар инҷо инсонҳост? Ва дар ахлоқиёт ҳам ҳамин ҷур аст. Яъне дар забони арабӣ ин ҷур нест, ки барои аъамм аз зану мард як сиға вазъ шуда бошад ва барои хусуси мард сиғае ва барои хусуси зан сиғае. Балки он сиғае ҳам, ки барои аъамм аз мард ҳаст, ҳамин сиғаи музаккар аст. Ва аз ин рӯ агар калимаи:
وَمُسْلِمَةٍ
— ҳам набошад, ҳеч кас наметавонад бигӯяд, ки мафҳум омм нест. Дар баъзе ривоёт
وَمُسْلِمَةٍ
— ҳам ҳаст, ки ривоёти заъифе аст. Умуми ривоёт ҳамон –
طَلَبُ الْعِلْمِ فَریضَةٌ عَلی كُلِّ مُسْلِمٍ
— аст.
Ва низ оё дар ҳадиси:
المسلم من سلم المسلمون من لسانه ويده
(“Усули Кофӣ”, 2/234) (калимаи):
المسلم
— махсуси мард аст ё аъамм аст аз зану мард? Ва оё маънии ҳадис ин аст, ки марди мусалмон касе аст, ки мардҳои мусалмон аз забон ва дасти ӯ маҳфуз ва осуда бошанд ва нагуфта, ки зани мусалмон ҳам бояд занҳо ва мардҳои дигар аз дасту забонаш маҳфуз бимонанд?!
Қазияи маъруфе аст, ки зане иддаои пайғамбарӣ кард. Ӯро ҳабс карданд, ки ин чӣ иддаое аст, ки кардӣ, ин бар хилофи зарурати ислом аст. Гуфт: пайғамбар гуфт:
لا نَبِيَّ بَعْدي
— нагуфт:
لا نَبِیَّةَ بَعْدي
— ва нагуфт:
لا نَبِيَّ وَلا نَبِیَّةَ بَعْدي
“Набӣ” музаккар аст, пайғамбар нагуфта зане ҳам, ки пайғамбар бошад, нахоҳад омад.
Агар ин ҳарф дуруст бошад, ки сиғаҳои музаккар ихтисос ба мардҳо дорад, истидлоли он зан истидлоли дурусте аст ва агар зане иддаои пайғамбарӣ бикунад, бояд бигӯем, ки дар ислом ҳеч далеле (бар бутлони ин иддао) нест ва ҳатто оят ҳаст:
وَلَكِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ
(Аҳзоб/40) на:
خاتَمَ النَّبِیِّینَ وَالنَّبِیّاتِ
— пас ояти Қуръон ҳам далел нест. Бинобар ин –
لا نَبِيَّ بَعْدي
— ки шомили зан нест,
خَاتَمَ النَّبِيِّينَ
— ки шомил намешавад, пас бояд бигӯем, ки мо ҳеч далеле дар ислом надорем бар ин ки баъд аз Паёмбари Акрам зане пайғамбар набошад ва ҳол ин ки шак надорад, ки дар инҷо зану мард матраҳ нест.
* * *
Идома дорад