Тоҷикистон ва Эрон дар масири ҳамкориҳои тиҷорӣ ва тронзитӣ

Тоҷикистон ва Эрон дар масири ҳамкориҳои тиҷорӣ ва тронзитӣ

Бар асоси гузоришҳои расида, кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон қасд доранд, дар ояндаи наздик, дар ҷиҳати ҳамлу нақли коло ва муносибатҳои тиҷорӣ, ҳамкориҳои амиқтаре эҷод кунанд.

Дар ҳамин робита, ҷаласаи муштараке бо ширкати муовини вазири ҳамлу нақли Эрон ва вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар ин ҷаласа, намояндаи Тоҷикистон бо ибрози омодагӣ ва алоқамандӣ ба манзури истифода аз масири Эрон дар ҳавзаи тронзит, ошноӣ бо имконоту ҳазинаҳо, намояндагоне муаррифӣ кард, то бо истифода аз ин масир, фанноварӣ ва технологияҳои мавриди ниёзи худро ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.

Инчунин дар идомаи ҷаласа, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон нисбат ба истифода аз аз пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи ҳамлу нақли ҳушманди ҷодаӣ, роҳи оҳан ва дигар мавзӯоти марбут, изҳор иназар намуд.

Намояндаи Тоҷикистон муқаррар намуд, дар рӯзҳои оянда барои баррасии ин маворид, намояндагоне аз Тоҷикистон ба Эрон сафар намуда ва бо пружаҳои ҳамлу нақли Эрон ошно шаванд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёз ба низоми нави ҷаҳонӣ дорем
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз дар чӣ вазъе қарор дорад?

Матолиби пурбоздид