Фосила гирифтани Молдова аз Русия

Фосила гирифтани Молдова аз Русия

Ахбори байналмилал

Ба гуфтаи коршиносон, Молдова, ки то чанде пеш, ба истиснои Белорус, ягона ҷумҳурии аврупоии собиқ Шӯравӣ буд, ки таҳти нуфузи Русия қарор дошт, дар ҳоли фосила гирифтан аз Русия мебошад.

Дар ҳамин росто, ҳукумати Молдова эълон кард, ки шумори дипломатҳо ва кормандони фаннӣ ва маъмурии сафорати Русия дар Кишинёв аз 84 ба 25 нафар кам карда мешавад.

Дар ин бора Даниэл Вода, сухангӯи сарвазир Дорин Речеан зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, шумори мақомоти дипломатӣ ба 10 ва кормандони фаннӣ ба 15 нафар кам карда шудааст.

«Ин як қарори бунёдӣ буд, ки мақомоти Кишинёв субҳи имрӯз намояндаи Федератсияи Русияро дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи он огоҳ карданд», гуфт Вода.

Ин иқдом дар посух ба як пажӯҳиши телевизиони Jurnal ва The Insider буд, ки гуфта мешуд дар боми сафорати Русия дар Молдова даҳҳо мавҷгир ва антеннаҳои моҳвораӣ насб шудаанд, ки хадамоти вижаи Русия барои назорат аз он истифода мекунанд.

Пас аз ин, Вазорати корҳои хориҷаи Молдова сафири Русия Олег Васнетсовро барои шарҳи амалкарди хадамоти махсуси Русия дар Кишинёв даъват кард.

Майя Санду, раиси ҷумҳури Молдова гуфт, ки хадамоти вижаи кишвар аз вазъият огоҳ шудаанд ва «ҳалли ин мушкил»-ро ​​пешниҳод хоҳанд кард ва Нику Попеску, вазири умури хориҷии Молдова аз тарҳи коҳиши теъдоди кормандони сафорати Русия дар Кишинёв хабар дод.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова ба ин тасмими Молдова билофосила вокуниш нишон дода ва таҳдид ба посухи ҳамсони Русия намуд.

Молдова, собиқ ҷумҳурии ИҶШС, ба истиснои Белорус, ягона ҷумҳурии аврупоии собиқ Шӯравӣ буд, ки то чанд муддат қабл зери таъсири Русия қарор дошт. Ҳоло ин ҷумҳури ҳам бо суръат аз Русия фосила мегирад.

payom.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Подоши хушҳол кардани фарзанди духтар
Пайдо шудани маъдани алмос дар даруни ҳавлӣ

Матолиби пурбоздид