Эрон: Исроил бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят дар Ғазза даст мезанад

Эрон: Исроил бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят дар Ғазза даст мезанад

Ахбори байналмилал

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси ҷумҳури Эрон:

Исроил бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят ва наслкушӣ дар Ғазза идома медиҳад.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ: Режими саҳюнистӣ бо ҳимоятҳои мустақими Амрико ва бо зери по гузоштани беш аз 400 қатъномаи байналмиллалӣ, аз ибтидои ҷанги Ғазза то кунун муодили ҳафт бомби атомӣ дар миқёси Ҳирушимо бар сари мардуми Ғазза бомб рехта ва ин дар ҳолест, ки амрикоиҳо вақеҳона кишварҳои дигарро дар хештандорӣ дар қиболи ин ҷиноятҳо даъват мекунанд то режими дуруғини саҳюнистӣ бо хиёли роҳат ба ҷиноятҳо ва наслкушии худ идома диҳад.

Раисӣ дар ин росто пешниҳод кард, ки кишварҳои мухталиф метавонанд бо баргузории ҳамапурсӣ аз мардуми худ, мизони ҳимоят аз ҳаққи миллати Фаластинро ба чашми худ мушоҳида кунанд, ҳарчанд кишварҳои ғарбӣ аз баргузории чунин ҳамапурсӣ ба шиддат воҳима доранд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Посухи Ҳусиҳои Яман ба таҳдидоти Амрико
Омодагии Русатом барои эҳдоси ду ниругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон

Матолиби пурбоздид