Ҳаводиси Кореяи Ҷанубӣ

Ҳаводиси Кореяи Ҷанубӣ

Ахбори байналмилал

Юн Сок Ёл, раиси ҷумҳури Куреи Ҷанубӣ, шомгоҳи сешанбе бо як суханронӣ ҳукумати низомии изтирориро эълом кард ва гуфт: “Барои муҳофизат аз Куреи Ҷанубии либерол дар баробари таҳдидҳои нерӯҳои кумунистии Куреи Шимолӣ ва аз байн бурдани унсурҳои зидди давлатӣ, ман ҳукумати низомии изтирорӣ эълом мекунам.” Фармоне, ки бо ҳимояти Вазорати дифоъ ҳамроҳ шуд.

Раиси ҷумҳури Куреи Ҷанубӣ қасди саркӯби ҳизби мухолифро дошт, ки аксарияти порлумонро дар ихтиёр доранд ва раиси ҷумҳурро муттаҳам ба фасод карда буданд. Пас аз ин фармон, анбӯҳе аз болгардҳои низомӣ бар фарози Сеул ба парвоз даромад ва худравҳои сангини низомӣ контроли шаҳрро ба даст гирифтанд.

Дар шароити ҳукумати низомӣ, порлумон низ ҳаққи фаъолият надошт ва ба ҳамин далел нерӯҳои вежаи артиш ҳузури сангине дар порлумон ёфтанд ва монеъ аз вуруди намояндагони порлумон шуданд.

Бо ин ҳол раҳбари ҳизби мухолифи давлат, бо интишори наворе, хостори муқобила бо ин вазъият шуд ва дар идома намояндагони порлумон аз ҷумла худаш, бо паридан аз рӯйи деворҳои порлумон ва убур аз садди нерӯҳои артиш дар вурудии толори порлумон, худашонро ба саҳни алании порлумон расонданд.

Намояндагони порлумон дар идома бо як раъйгирӣ, раъй ба ибтоли ҳукумати низомӣ доданд. Пас аз раъйи порлумон барои лағви ҳукумати низомӣ, сарбозон порлумонро холӣ карданд. Дар ниҳоят раиси ҷумҳур маҷбур ба лағви дастури ҳукумати низомӣ шуд.

Интизор меравад раванди истизоҳи Юн Сок Ёл, раиси ҷумҳури ин кишвар баргузор шавад. Ба бовари нозирон, ин сареътарин кудатои нофарҷом буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чархиши Арабистони Саудӣ ба самти Эрон
Мероси гузаштагон ё муроҷиа ба ақл…

Матолиби пурбоздид