Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан

Адаб

Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан

Ғазале аз Мавлоно Сайидзуфархони Ҷавҳарӣ

***

Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан,

Оташи дилро зи шӯхӣ домани афсун мазан.

То ҷунун фаввора аз чашмам нагардад хуни дил,

Нештари ғам бар раги ҷони мани маҳзун мазан.

Аҳли дилро чинии хотир бувад аз ҳад латиф,

Пеши онон, эй сухангӯ, ҳарфи номавзун мазан.

Гар ҳарифи маънии нозук наӣ, хомӯш бош,

Яъне санги фаҳми каҷ бар шишаи мазмун мазан.

То нагардад аз ҳуҷуми ишқ шарҳи сина танг,

Аз ҳавас беҳуда сар бар кӯҳу бар ҳомун мазан.

Барканад ишқи маҷоз охир зи беху бун туро,

Аз ҳалоки худ чу марҷон панҷа дар ин хун мазан.

Шӯҳрат офат дар камин дорад, макун изҳори ҳол,

Бо ливои карру фарр ту хайма дар берун мазан.

Ҷуз мазаллат нақди вақти худ набинӣ оқибат,

Ҳалқаи боби тамаъ аз ҳирси нафси дун мазан.

Хушк мегардад зи савдо мағзи фитрат дар сарат,

Захме аз табъи ҳавоӣ бар раги қонун мазан.

Эй гул, аз рашкаш чу дил хун кардаӣ дар ғунчагӣ,

Лофи ҳамрангӣ кунун бо он лаби майгун мазан.

Чун зи лаълу холи ӯ лабрези кайфият шудам,

Ҷавҳарӣ, дигар ба ман дам аз маю афюн мазан.

Сомонаи фаҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамкориҳои Теҳрон ва Душанбе дар мавзӯи захираҳои обӣ
Ҳамоиши хушнависӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид