Ҳикматҳое аз Саъдии Шерозӣ

Адаб
Ҳикматҳое аз Саъдии Шерозӣ
Мулук аз баҳри поси раъиятанд, на раъият аз баҳри тоати мулук.
* * *
Ду кас душмани мулку динанд; подшоҳи беҳилм ва зоҳиди беилм.
* * *
Мабахшой бар ҳар куҷо золимест,
Ки раҳмат бар ӯ, ҷавр бар оламест.
Ҳар он кас, ки бар дузд раҳмат кунад,
Ба бозуи худ корвон мезанад.
Ҷафопешагонро бидеҳ сар ба бод,
Ситам бар ситампеша адл асту дод.
* * *
Ҳар ки бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонад, ки доност, бидонад, ки нодон аст.
* * *
Дили дӯстон озурдан, муроди душманон баровардан аст.
* * *
Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
* * *
Дунё наярзад ба он ки парешон кунӣ диле.
* * *
Сад чандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат аст.
* * *
Олими нопарҳезкор, кӯри машъалдор аст.
* * *
Ҳар ки бо бадон нишинад, агар табиати эшон ҳам нагирад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад.
* * *
Ду бародар буданд, яке хидмати султон кардӣ ва дигарӣ ба зӯри бозу нон хӯрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ? Гуфт: ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати хидмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: нони худ хӯрдан ва нишастан беҳ, ки камар ба хидмат бастан…
* * *
Бадиро бадӣ саҳл бошад ҷазо,
Агар мардӣ, “аҳсин ило ман асо”.
(Аҳсин ило ман асо, яъне некӣ кун ба он кас ки ба ту бадӣ карда)
* * *
Ҳама айби халқ дидан на мурувват асту мардӣ,
Нигаҳе ба хештан кун, ки ту ҳам гуноҳ дорӣ.
* * *
На чандон дуруштӣ кун, ки аз ту сер шаванд, на чандон нармӣ кун, ки бар ту далер шаванд.
* * *
Аз назари ҳар касе, ақли ӯ комил аст ва фарзандаш дар чашми ӯ зебо ҷилва мекунад.
* * *
Мол аз баҳри осойиши умр аст, на умр аз баҳри гирд овардани мол.
* * *
Ба гуруснагӣ мурдан, беҳтар, ки нони фурӯмоягон хӯрдан.
* * *
Андеша кардан, ки чӣ бигӯям, беҳтар аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам?
* * *
Ҳар кас худро насиҳат накунад, ба насиҳати дигарон мӯҳтоҷ аст.
* * *
Дар миёни ду кас душманӣ маяфкан, ки эшон чун сулҳ кунанд, ту дар миёна шармсор бошӣ.
Аз ҳикматҳои Саъдии Шерозӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз интихоботи Туркия
Эрдуғон: “Мухолифонам ҳамҷинсгаро ҳастанд”

Матолиби пурбоздид