Ҳимояти Уғон аз Эрдуғон 

Ҳимояти Уғон аз Эрдуғон 
Эрдуғон дар як қадамии риёсати ҷумҳурӣ
Ахбори байналмилал
Ба гузориши расонаҳои туркӣ, Синон Уғон баъд аз музокироти маҳрамонае, ки бо ду номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия дошт, ҳимояти худро аз Эрдуғон дар даври дуввуми интихобот эълом кард.
Уғон дар даври нахусти интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия, 5.17 дарсади ороро ба худ ихтисос дода буд. Дар ин давр, Ардуғон бо 49.52 ва Қиличдор Уғлу бо 44.88 дарсади оро ҳоизи рутбаҳои аввал ва дуввум шуданд ва ба даври ниҳоии интихобот роҳ ёфтанд.
Уғон, ки як миллигарои сифту сахт ба шумор меравад, шароитеро барои ҳимоят аз яке аз ин ду номзад матраҳ карда буд. Ӯ гуфта буд, аз номзаде ҳимоят хоҳад кард, ки 4 шарти зерро бипазирад:
1) мубориза бо теруризм;
2) адами мушорикати аҳзоби курдӣ дар қудрат;
3) бозгардондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишварҳояшон дар як муддати замонии мушаххас;
4) тааҳҳуд ба адами тағйири усулӣ аз Қонуни асосӣ.
Вай баъд аз дидор бо Ардуғон ва ҳангоми эъломи ҳимоят аз ӯ, гуфт, ки ҳеч шарте радду бадал нашудааст ва тарафайн фақат хутути қирмизи худро баён кардаанд.
Уғон ҳамчунин ба натоиҷи орои порлумонӣ, ки дар он ҳизби Эрдуғон пирӯз шудааст ишора кард ва гуфт, ки ба нафъи кишвар аст, ки давлат ва порлумон бо якдигар ҳамоҳанг амал кунанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони модарӣ
Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шангҳай дар Душанбе оғоз ба кор намуд

Матолиби пурбоздид